Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Чашми пурнур, ки масти назари ҷонон аст,
Моҳ аз ӯ чашм гирифтасту фалак ларзон аст.
Хоса он лаҳза, ки аз ҳазрати Ҳақ нур кашад,
Саҷдагоҳи малаку қиблаи ҳар инсон аст.
Ҳар ки ӯ сар наниҳад бар кафи пояш он дам
Баҳри номуси манӣ, он нафас ӯ шайтон аст.
В-он ки он лаҳза набинад асари нур бар ӯ,
Ӯ кам аз дев бувад, з-он ки тани беҷон аст.
Дил баҷо дор дар он талъати боҳайбати ӯ,
Гар ту мардӣ, ки рухаш қиблагаҳи мардон аст.
Даст бардор зи сина, чӣ нигаҳ медорӣ?
Ҷон дар он лаҳза бидеҳ шод, ки мақсуд он аст.
Ҷумларо об дарандозу дар он оташ шав,
К-оташи чеҳраи ӯ чашмагаҳи ҳайвон аст.
Сар баровар зи миёни дили Шамси Табрез,
К-ӯ хидеви абаду хусрави ҳар фармон аст.

Он ки бе бода кунад ҷони маро маст, куҷост?
В-он ки берун кунад аз ҷону дилам даст, куҷост?
В-он ки савганд хурам, ҷуз ба сари ӯ нахурам,
В-он ки савганди ману тавбаам ишкаст, куҷост?
В-он ки ҷонҳо ба саҳар наъразанонанд аз ӯ
В-он ки моро ғамаш аз ҷой бибурдаст, куҷост?
Ҷони ҷон аст в-агар ҷой надорад, чӣ аҷаб?
Ин ки ҷо металабад, дар тани мо ҳаст, куҷост?
Ғамзаи чашм баҳонаст в-аз он сӯ ҳавасест,
В-он ки ӯ дар паси ғамза-ст, дилам хаст, куҷост?
Пардаи равшани дил басту хаёлот намуд
В-он ки дар парда чунин пардаи дил баст, куҷост?
Ақл то маст нашуд, чуну чаро паст нашуд,
В-он ки ӯ маст шуд, аз чуну чаро раст, куҷост?

Ман нишастам зи талаб в-ин дили печон нанишаст,
Ҳама рафтанду нишастанду даме ҷон нанишаст.
Ҳар кӣ истод ба коре, бинишаст охири кор,
Кор он дорад, он, к-аз талаби он нанишаст.
Ҳар кӣ ӯ наъраи тасбеҳи ҷамоди ту шунид,
То набурдаш ба саропардаи субҳон, нанишаст.
То Сулаймон ба ҷаҳон муҳри ҳавоят нанамуд,
Бар сари авҷи ҳаво тахти Сулаймон нанишаст.
Ҳар кӣ ташвиши сари зулфи парешони ту дид,
То абад аз дили ӯ фикри парешон нанишаст.
Ҳар кӣ дар хоб хаёли лаби хандони ту дид,
Хоб аз ӯ рафту хаёли лаби хандон нанишаст.
Турушиҳои ту сафрои раҳиро нанишонд,
В-аз илоҷи сари савдои фаровон нанишаст.
Ҳар киро бӯйи гулистони висоли ту расид,
Ҳамчунин рақскунон то ба гулистон нанишаст.

Дилбарию бедилӣ асрори мост,
Кор кори мост, чун ӯ ёри мост.
Навбати куҳнафурӯшон даргузашт,
Навфурӯшонему ин бозори мост.
Навбаҳоре, к-ӯ ҷаҳонро нав кунад,
Ҷони гулзор аст, аммо зори мост.
Ақл агар султони ин иқлим шуд,
Ҳамчу дузд овехта бар дори мост.
Он ки Афлотуну Ҷолинуси мост,
Пурфанову иллату бемори мост.
Гову Моҳии Саро қурбони мост,
Шери гардуне ба зери бори мост.
Ҳар чӣ аввал заҳр буд, тарёқ шуд,
Ҳар чӣ он ғам буд, кунун ғамхори мост.
Даъвии шерӣ кунад ҳар шергир,
Шергиру шери ӯ кафтори мост.
Тарки хешу тарки хешон мекунем,
Ҳар чӣ хеши мо, кунун ағёри мост.

пешина
аз 71
навбатӣ