Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Худпарастӣ номуборак ҳолатест,
К-андар ӯ имони мо инкори мост.
Ҳар ғазал, к-он бе ман ояд, хуш бувад,
К-ин наво бефар зи чангу тори мост.
Шамси Табрезӣ, ба нури Зулҷалол,
Дар ду олам мояи иқрори мост.

Ошиқонро ҷустуҷӯ аз хеш нест,
Дар ҷаҳон ҷӯянда ҷуз ӯ беш нест.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат куфру дину кеш нест.
Ай дамат Исо, дам аз дурӣ мазан,
Ман ғуломи он ки дурандеш нест.
Гар бигӯйӣ пас равам, не, пас марав
В-ар бигӯйӣ пеш, ҷуз ин реш нест.
Даст бикшо, домани худро бигир,
Марҳами ин реш ҷуз ин реш нест.
Ҷузви дарвешанд ҷумла неку бад,
Ҳар кӣ набвад, ӯ чунин дарвеш нест.
Ҳар кӣ аз ҷо рафт, ҷойи ӯ дил аст,
Ҳамчу дил андар ҷаҳон ҷойеш нест.

Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест,
Ҷуз нишонат ҳамнишин ҷустем, нест.
Ончунон ҷустан ки мехоҳӣ, бигӯ,
К-ончунонро инчунин ҷустем, нест.
Баъд аз ин бар осмон ҷӯйем ёр,
З-он ки ёре дар замин ҷустем, нест.
Чун хаёли мо туйӣ, ай бехаёл,
То ба чархи ҳафтумин ҷустем, нест.
Беҳтар он бошад, ки маҳви ин шавем,
К-аз ду олам беҳ аз ин ҷустем, нест.
Софҳои ҷумла олам хурда гир
Ҳамчу дурди дарди дин ҷустем, нест.

Ҳотами мулки Сулаймон ҷустанист,
Ҳалқаҳо ҳасту нигин ҷустем, нест.
Сурате, к-андар нигини ӯ будаст,
Дар бутони Руму Чин ҷустем, нест.
Ончунон сурат, ки шарҳаш мекунам,
Ҷуз ки суратофарин ҷустем, нест.
Андар он сурат яқин ҳосил шавад,
К-аз варои он яқин ҷустем, нест.
Ҷойи он ҳаст, ар гумони бад барем,
З-он ки бе макре амин ҷустем, нест.
Пушти мо аз занни бад шуд чун камон,
З-он ки роҳе бе камин ҷустем, нест.
З-ин баён нуре, ки пайдо мешавад,
Дар баёну дар мубин ҷустем, нест.

Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат,
Ҳар дуро девона кардӣ оқибат.
Омадӣ, к-оташ дар ин олам занӣ,
Во нагаштӣ, то накардӣ оқибат.
Ай зи ишқат оламе вайрон шуда,
Қасди ин вайрона кардӣ оқибат.
Ман туро машғул мекардам, дило,
Ёди он афсона кардӣ оқибат,
Ишқро бе хеш бурдӣ дар ҳарам,
Ақлро бегона кардӣ оқибат.
Ё Расулаллаҳ, сутуни сабрро
Устуни Ҳаннона кардӣ оқибат.
Шамъи олам буд лутфи чорагар,
Шамъро парвона кардӣ оқибат.
Як сарам ин сӯст, як сар сӯйи ту,
Дусарам чун шона кардӣ оқибат.
Донае бечора будам зери хок,
Донаро дурдона кардӣ оқибат.
Донаеро боғу бустон сохтӣ,
Хокро кошона кардӣ оқибат.

пешина
аз 71
навбатӣ