Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
В-он, к-ӯ қариби ҷон шуд, ӯ соҳиби қирон аст.
Ӯ моҳи бехусуф аст, хуршеди бекусуф аст,
Ӯ хамри бехумор аст, ӯ суди безиён аст.
Он шаҳрёри аъзам базме ниҳод хуррам,
Шамъу шаробу шоҳид имрӯз ройгон аст.
Чун маст гашт мардум, шуд гавҳараш бараҳна,
Паҳлӯ шикаст, к-онро з-он кас, ки паҳлавон аст.
Даллола чун сабо шуд, аз хор гул ҷудо шуд,
Борон наботҳоро дар боғ имтиҳон аст.
Бе иззу нозанинӣ кай кард нозу бинӣ,
Ҳар кас, ки кард, валлаҳ, хом асту қалтабон аст.
Хомуш, ки то бигӯяд бе ҳарфу бе забон ӯ,
Худ чист ин забонҳо, гар он забон забон аст?
- Сорим – шамшер.
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст.
Бишнидам аз ҳавои ту овози табли боз,
Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст.
Гуфтӣ, зи ноз: Беш маранҷон маро, бирав!
Он гуфтанат, ки «беш маранҷонам» орзуст.
В-он дафъи гуфтанат, ки «бирав, шаҳ ба хона нест»,
В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст.
Дар дасти ҳар кӣ ҳаст, зи хубӣ қурозаҳост,
Он маъдани малоҳату он конам орзуст.
Ин нону обу чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст.
Яъқубвор воасафоҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.
Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагию кӯҳу биёбонам орзуст.
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳойҳую наъраи мастонам орзуст.
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
Ҳарчанд муфлисам, напазирам ақиқи хурд,
Кони ақиқи нодири арзонам орзуст.
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст.
Худ кори ман гузашт зи ҳар орзуву оз,
Аз кону аз макон пайи армонам орзуст.
Гӯшам шунид қиссаи имону маст шуд,
Ку қисми чашм, сурати имонам орзуст.
Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст.
Мегӯяд он рубоб, ки мурдам зи интизор,
Дасту канору захмаи Усмонам орзуст.
Ман ҳам рубоби ишқаму ишқам рубобӣ аст,
В-он лутфҳои захмаи Раҳмонам орзуст.
Боқии ин ғазалро, ай мутриби зариф,
З-ин сон ҳамешумор, ки з-ин сонам орзуст.
Бинмой Шамси мафхари Табрез рӯ зи Шарқ,
Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст.
Бар ошиқон фариза бувад ҷустуҷӯйи дӯст,
Бар рӯву сар чу сел давон то ба ҷӯйи дӯст.
Худ ӯст ҷумла толибу мо ҳамчу сояҳо,
Ай гуфтугӯи мо ҳамагӣ гуфтугӯйи дӯст.
Гоҳе ба ҷӯйи дӯст чу оби равон хушем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор