Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Гоҳе чу об ҳабс шудем дар сабӯи дӯст.
Гаҳ чун ҳавиҷи дег биҷӯшему ӯ ба фикр
Кафгир мезанад, ки чунин аст хӯйи дӯст.
Бар гӯши мо ниҳода даҳон ӯ ба дамдама,
То ҷони мо бигирад якбора бӯйи дӯст.
Чун ҷони ҷон вай омад, аз вай гурез нест,
Ман дар ҷаҳон надидам як ҷон адӯйи дӯст.
Бигдозадат зи нозу чу мӯят кунад заъиф,
Надҳӣ ба ҳар ду олам як тои мӯйи дӯст.
Бо дӯст мо нишаста, ки ай дӯст, дӯст ку?
Ку-ку ҳамезанем зи мастӣ ба кӯйи дӯст.
Тасвирҳои нохушу андешаи ракик
Аз табъи суст бошаду ин нест сӯи дӯст.
Хомӯш бош, то сифати хеш худ кунад,
Ку ҳойҳуйи сарди ту, ку ҳойҳӯйи дӯст?

Ай гул, туро агарчи ки рухсор нозук аст,
Рух бар рухаш мадор, ки он ёр нозук аст.
Дар дил мадор низ, ки рух бар рухаш ниҳӣ,
К-ӯ сирри дил надонаду дилдор нозук аст.
Чун орзу зи ҳадд шуд, дуздида саҷда кун,
Бисёр ҳам макӯш, ки бисёр нозук аст.
Гар бехудӣ зи хеш, ҳама вақт вақти туст,
Гар не, ба вақт ой, ки асрор нозук аст.
Дилро зи ғам бирӯб, ки хонай хаёли ӯст,
Зеро хаёли он бути айёр нозук аст.
Рӯзе битофт сояи гул бар хаёли дӯст,
Бар дӯст кор кард, ки ин кор нозук аст.
Андар хаёли мафхари Табрез Шамсидин
Мангар ту хор, к-он шаҳи хунхор нозук аст!

Ҷоно, ҷамоли рӯҳ басе хубу бофар аст.
Лекин ҷамолу ҳусни ту худ чизи дигар аст.
Ай он, ки солҳо сифати рӯҳ мекунӣ,
Бинмой як сифат, ки ба зоташ баробар аст.
Дар дида мефизояд нур аз хаёли ӯ,
Бо ин ҳама ба пеши висолаш мукаддар аст.
Мондам даҳони боз зи таъзими он ҷамол,
Ҳар лаҳза бар забону дил Аллоҳу Акбар аст.
Дил ёфт дидае, ки муқими ҳавои туст,
Оваҳ, ки он ҳаво чӣ дилудидапарвар аст.
Аз ҳуру моҳу рӯҳу парӣ ҳеҷ дам мазан,
К-онҳо ба ӯ намонаду ӯ чизи дигар аст.
Чокарнавозӣ аст, ки кардаст ишқи ту,
Варна куҷо диле, ки бад-он ишқ дарх(в)ар аст.
Ҳар дил, ки ӯ нахуфт шабе дар ҳавои ту,
Чун рӯзи равшан асту ҳаво з-ӯ мунаввар аст.
Ҳар кас, ки бемурод шуд, ӯ чун муриди туст,
Бе сурати мурод муродаш муяссар аст.
Ҳар дӯзахӣ, ки сӯхту дар ин ишқ уфтод,
Дар Кавсар уфтод, ки ишқи ту Кавсар аст.
Поям намерасад ба замин аз умеди васл,
Ҳарчанд аз фироқи туам даст бар сар аст.
Ғамгин машав, дило, ту аз ин зулми душманон
В-андеша кун дар ин, ки дилором довар аст.
Аз рӯйи заъфарони ман ар шод шуд адӯ,
Не рӯйи заъфарони ман аз вард аҳмар аст.
Чун бартар аст хубии маъшуқам аз сифат,
Дардам чӣ фарбеҳ асту мадеҳам чӣ лоғар аст.
Оре, чу қоъидаст, ки ранҷури зорро
Ҳарчанд ранҷ беш бувад, нола камтар аст.
Ҳамчун қамар битофт зи Табрез Шамсидин,
Не, худ қамар чӣ бошад, к-он рӯй ақмар аст.

Пинҳон машав, ки рӯйи ту бар мо муборак аст,
Наззораи ту бар ҳама ҷонҳо муборак аст.
Як лаҳза соя аз сари мо дуртар макун,
Донистаӣ, ки сояи Анқо муборак аст.
Ай навбаҳори ҳусн, биё, к-он ҳавои хуш

пешина
аз 71
навбатӣ