Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳи шаҳи бахт тарабсози мост,
Ёри парирӯй парихони мост.
Он малики мафхари чавгону гӯй
Шукр, ки имрӯз ба майдони мост.
Он малики мамлакати ҷону дил,
Дар дилу дар ҷони парешони мост.
Кист дар он гӯшаи дил танзада?
Пешкашаш, гӯ, шакаристони мост.
Хозини ризвон, ки майи ҷаннат аст,
Масти ризои дили ризвони мост.
Шӯр дарафкандаву пинҳон шуда
Аз намаки умру намакдони мост.
Гӯша гирифтасту ҷаҳон масти ӯст,
Ӯ Хизиру чашмаи ҳайвони мост.
Чун намаки дегу чу ҷон дар бадан
Аз ҳама зоҳиртару пинҳони мост.
Нест намояндаву худ ҷумла ӯст,
Худ ҳама моем, чу ӯ они мост.
Беш магӯ ҳуҷҷату бурҳон, ки ишқ
Дар хамушӣ ҳуҷҷату бурҳони мост.

Пештар о, рӯйи ту ҷуз нур нест,
Кист, ки аз ишқи ту махмур нест.
Не, ғалатам дар талаби ҷони ҷон,
Пеш маё, пас бимарав, дур нест.
Талъати хуршед куҷо барнатофт?
Моҳ бари кист, ки машҳур нест?
Пардаи андеша ҷуз андеша нест,
Тарк кун андеша, ки мастур нест.
Ай шакаре дур зи ваҳми магас,
В-ай асале, к-аз тани занбӯр нест.
Ҳар кӣ хурад ғуссаву ғам баъд аз ин,
Бо рухи чун моҳи ту маъзур нест.
Ҳар дили беишқ, агар подшост,
Ҷуз кафани атласу ҷуз гӯр нест.
Тобиши андешаи ҳар мункире
Мақти* Худо бинад, агар кӯр нест.
Пиру ҷавон, к-ӯ хурад оби ҳаёт
Марг бар ӯ нофизу майсур** нест
Пардаи ҳақ хост шудан моҳу хур,
Ишқ шиносид, ки ӯ ҳур нест.
Мафхари Табрез тӯйӣ Шамсидин,
Гуфтани асрори ту дастур нест.

  • Кина, душманӣ.
    ** Осон.

Кори ман ин аст, ки корем нест,
Ошиқам, аз ишқи ту орем нест.
То ки маро шери ғамат сайд кард,
Ҷуз ки ҳамин шер шикорем нест.
Дар таки ин баҳр чӣ хуш гавҳарӣ,
Ки масали мавҷ қарорем нест.
Бар лаби баҳри ту муқимам, муқим,
Масти лабам, гарчи канорем нест.
Вақф кунам ишками худ бар майат,
К-аз майи ту ҳеч қарорем нест.
Мерасадам бодаи ту з-осмон,
Миннати ҳар ширафишорем нест.
Бодаат аз кӯҳ сукунат барад,
Айб макун, з-он ки виқорем нест.
Мулки ҷаҳон гирам чун офтоб,
Гарчи сипоҳему саворем нест.
Мекашам аз Миср шакар сӯйи Рум,
Гарчи шутурбону қаторем нест.
Гарчи надорам ба ҷаҳон сарваре,
Дарди сари беҳуда борем нест.
Бар сари кӯйи ту маро хона гир,

пешина
аз 71
навбатӣ