Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

К-аз сари кӯйи ту гузорем нест.
Ҳамчу шакар бо гулат омехтам,
Нест аҷаб, гар сари хорем нест.
Қутби ҷаҳонӣ, ҳамаро рӯ ба туст,
Ҷуз ки ба гирди ту даворем нест.
Хеши ман он аст, ки аз ишқ зод,
Хуштар аз ин хешу таборем нест.
Чист фузун аз ду ҷаҳон? Шаҳри ишқ,
Беҳтар аз ин шаҳру диёрем нест.
Гар нанигорам сухане баъд аз ин,
Нест аз он рӯ, ки нигорем нест.

Кист, ки ӯ бандаи ройи ту нест,
Кист, ки ӯ масти лиқои ту нест.
Ғуссакаше ку, ки зи хавфи ту нест,
Ё тарабе, к-он зи риҷои ту нест.
Бухлкафе ку, ки зи қабзи ту нест,
Ё караме, к-он зи атои ту нест.
Лаъли лабе ку, ки зи кони ту нест,
Муҳташаме ку, ки гадои ту нест.
Муттасил авсофи ту бо ҷонҳо
Як раги бебанду кушои ту нест.
Ҳар ду ҷаҳон чун ду кафу ту чу ҷон
Каф чӣ диҳад, к-он зи сахои ту нест.
Чашми кӣ дидаст дар ин боғи кавн
Рақси гуле, к-он зи ҳавои ту нест?
Ғофил нола кунад аз ҷаври халқ,
Халқ ба ҷуз шибҳи асои ту нест.
Ҷунбиши ин ҷумла асоҳо зи туст,
Ҳар як ҷуз дарду давои ту нест.
Захм муаллим занад, он чӯби кист?
Кист, ки ӯ банди қазои ту нест.
Ҳамчу сагон чӯб туро мегазад,
Дар сарашон фаҳми ҷазои ту нест.
Дафъи балои ману озори халқ

Ҷуз ба муноҷоту санои ту нест.
Бишканӣ ин чӯб, на чӯбаш кам аст,
Дафъи ду-се чӯб раҳои ту нест.
Соҳиби Ҳут аз ғами уммат гурехт,
Ҷон ба куҷо бурд, ки ҷои ту нест?
Бас куну аз меҳнати Юнус битарс,
Бо қадар истеза ба пои ту нест!

Мурғи дилам боз паридан гирифт,
Тӯтии ҷон қанд чаридан гирифт.
Уштури девонаи сармасти ман
Силсилаи ақл даридан гирифт.
Ҷуръаи он бодаи безинҳор
Бар сару бар дида давидан гирифт.
Шери назар бо саги асҳоби Каҳф
Хуни маро боз хуридан гирифт.
Боз дар ин ҷӯй равон гашт об,
Бар лаби ҷӯ сабза дамидан гирифт.
Боди сабо боз вазон шуд ба боғ,
Бар гулу гулзор вазидан гирифт.
Ишқ фурӯшид ба айбе маро,
Сӯхт дилаш, боз харидан гирифт.
Ронд маро, раҳматаш омад, бихонд,
Ҷониби мо хуш нигаридан гирифт.
Душмани ман дид, ки бо дӯстам,
Ӯ зи ҳасад даст газидан гирифт.
Дил бираҳид аз дағали рӯзгор,
Дар бағали ишқ хазидан гирифт.
Абруи ғаммоз ишораткунон
Ҷониби он чашм хамидан гирифт.
Ишқ чу дилро ба суи хеш хонд,
Дил зи ҳама халқ рамидан гирифт.
Халқ асоянд, асоро фиканд
Қабзаи ҳар кӯр, ки дидан гирифт.
Халқ чу шеранд, раҳо кард шер

пешина
аз 71
навбатӣ