Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Роҳ диҳед ёрро, он маҳи даҳчаҳорро,
К-аз рухи нурбахши ӯ нур нисор мерасад.
Чок шудаст осмон, ғулғулаест дар ҷаҳон,
Анбару мушк медамад, санҷақи ёр мерасад.
Равнақи боғ мерасад, чашму чароғ мерасад,
Ғам ба канора меравад, маҳ ба канор мерасад.
Тир равона меравад, сӯйи нишона меравад,
Мо чӣ нишастаем? Ин шаҳ зи шикор мерасад.
Боғ салом мекунад, сарв қиём мекунад,
Сабза пиёда меравад, ғунча савор мерасад.
Хилватиёни осмон то чӣ шароб мехуранд,
Рӯҳ харобу маст шуд, ақл хумор мерасад.
Чун бирасӣ ба кӯйи мо, хомушӣ аст хӯйи мо,
З-он ки зи гуфтугӯйи мо гарду ғубор мерасад.

Бе ҳамагон ба сар шавад, бе ту ба сар намешавад,
Доғи ту дорад ин дилам ҷои дигар намешавад.
Дидаи ақл масти ту, чархаи чарх пасти ту,
Гӯши тараб ба дасти ту, бе ту ба сар намешавад.
Ҷон зи ту ҷӯш мекунад, дил зи ту нӯш мекунад,
Ақл хурӯш мекунад, бе ту ба сар намешавад.
Хамри ману хумори ман, боғи ману баҳори ман,
Хоби ману қарори ман, бе ту ба сар намешавад.
Ҷоҳу ҷалоли ман туйӣ, мулкату моли ман туйӣ,
Оби зулоли ман туйӣ, бе ту ба сар намешавад.
Гоҳ суи вафо равӣ, гоҳ суи ҷафо равӣ,
Они манӣ, куҷо равӣ? Бе ту ба сар намешавад.
Дил биниҳанд, барканӣ, тавба кунанд, бишканӣ,
Ин ҳама худ ту мекунӣ, бе ту ба сар намешавад.
Бе ту агар ба сар шудӣ, зери ҷаҳон забар шудӣ,
Боғи Ирам сақар шудӣ, бе ту ба сар намешавад.
Гар ту сарӣ, қадам шавам в-ар ту кафӣ, алам шавам,
В-ар биравӣ, адам шавам, бе ту ба сар намешавад.
Хоби маро бибастайӣ, нақши маро бишустайӣ,
В-аз ҳамаам гусастайӣ, бе ту ба сар намешавад.
Гар ту набошӣ ёри ман, гашт хароб кори ман,
Мӯнису ғамгусори ман, бе ту ба сар намешавад.
Бе ту на зиндагӣ хушам, бе ту на мурдагӣ хушам,
Сар зи ғами ту чун кашам? Бе ту ба сар намешавад.
Ҳар чӣ бигӯям, ай санад, нест ҷудо зи неку бад,
Ҳам ту бигӯ ба лутфи х(в)ад, бе ту ба сар намешавад.

Чунки ҷамоли ҳусни ту асби шикор зин кунад,
Нест аҷаб, ки аз ҷунун сад чу маро чунин кунад.
Бол барорад ин дилам, чунки ғамат парак занад,
Бор Худо, ту ҳукм кун, то ба абад ҳамин кунад.
Чунки ситораи дилам бо маҳи ту қирон кунад,
Ваҳ ки фалак чӣ лутфҳо аз ту бар ин замин кунад.
Бода ба дасти соқият гирди ҷаҳон ҳамеравад,
Охири кор, оқибат ҷони маро гузин кунад.
Гарчи басе биёварад, дар дили банда сар кунад,
Ғайрати ту бисӯзадаш, гар нафасе ҷуз ин кунад.
Аз дили ҳамчу оҳанам деву парӣ ҳазар кунад,
Чун дили ҳамчу обро ишқи ту оҳанин кунад.
Ҷони чу тир рости ман дар кафи туст чун камон,
Чарх аз ин зи кини ман ҳар тарафе камин кунад.
Дидаи чарху чархиён нақш кунад нишони ман,
З-он ки маро ба ҳар нафас лутфи ту ҳамнишин кунад.
Саҷда кунам ба ҳар нафас аз пайи шукри он, ки Ҳақ
Дар Табрез мар маро бандаи Шамсидин кунад.

Дил чу бидид рӯйи ту, чун назараш ба ҷон бувад?
Ҷон зи лабат чу мекашад, хираву лабгазон бувад.
Тан биравад ба пеши дил, к-ин ҳамаро чӣ мекунӣ?
Гӯяд дил, ки аз маҳе кай назарат ниҳон бувад?
Ҷуз рухи дил назар макун, ҷуз суи дил гузар макун,

пешина
аз 71
навбатӣ