Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
З-он ки ба нури дил ҳама шуълаи он ҷаҳон бувад.
Шайхи шуйухи олам аст, он ки турост навмурид,
Он ки гирифт дасти ту, хосабаки замон бувад.
Дил ба миён чу пири дин, ҳалқаи тан ба гирди ӯ,
Шод тане, ки пири дил шиста дар он миён бувад.
Рози дили ту, Шамсидин, дар Табрез бишнавад,
Дур зи гӯшу ҷони ӯ, к-аз суханат гарон бувад.
Ёр маро чу уштурон боз миҳор мекашад,
Уштури маст хешро дар чӣ қатор мекашад?
Ҷону танам бихаст ӯ, шишаи ман шикаст ӯ,
Гардани ман бибаст ӯ, то ба чӣ кор мекашад.
Шасти вайам чу моҳиён ҷониби хушк мебарад,
Доми дилам ба ҷониби мири шикор мекашад.
Он ки қатори абрро зери фалак чу уштурон,
Соқии дашт мекунад, бар куҳу ғор мекашад.
Раъд ҳамезанад дуҳул, зинда шудаст ҷузву кул,
Дар дили шоху мағзи гул бӯи баҳор мекашад.
Он ки замири донаро иллати мева мекунад,
Рози дили дарахтро бар сари дор мекашад.
Лутфи баҳор бишканад ранҷи хумори боғро,
Гарчи ҷафои дай кунун сӯи хумор мекашад.
Зуҳраи ишқ ҳар саҳар бар дари мо чӣ мекунад?
Душмани ҷони сад қамар бар дари мо чӣ мекунад?
Ҳар кӣ бидид аз ӯ назар, бохабар асту бехабар,
Ӯ малак аст ё башар, бар дари мо чӣ мекунад?
Зери чаҳон забар шуда, об маро зи сар шуда,
Санг аз ӯ гуҳар шуда, бар дари мо чӣ мекунад?
Ай бути шанг, пардае гар ту на фитна кардаӣ,
Ҳар нафасе чунин ҳашар, бар дари мо чӣ мекунад?
Гарна ки рӯзи равшане пеша гирифта раҳзанӣ,
Рӯз ба рӯз раҳгузар бар дари мо чӣ мекунад?
Варна ки дӯш маст ӯ омаду даршикаст ӯ,
Пас ба нишона ин камар бар дари мо чӣ мекунад?
Гар на ҷамоли ҳусни ӯ гард барорад аз адам,
Ин ҳама гарди шӯру шар бар дари мо чӣ мекунад?
Аз Табрез Шамсидин сӯи кӣ рой мекунад,
Баҳри чӣ мавҷ зад гуҳар, бар дари мо чӣ мекунад?
Варои пардаи ҷонат, дило, халқони пинҳонанд,
Зи захми теғи фардият ҳама ҷонанду беҷонанд.
Ту аз нуқсону аз бешӣ бигӯйӣ чанд, андешӣ?
Даро дар дини бехешӣ, ки бас бехеш хешонанд.
Чӣ дарёҳо, ки менӯшанд, чу дарёҳо ҳамеҷӯшанд,
Агарчи худ ки хомӯшанд, доноанду медонанд.
Дар он дарёи пурмарҷон яке қавманд ҳамчун ҷон,
Варои гунбади гардон Буроқи ҷон ҳамеронанд.
Аё дарвеши ботамкин, сабукдил гард, зутар, ҳин,
Миёни базми мардон шин, ки эшон ҷумла риндонанд.
Мулуконанд дарвешон, зи мастӣ ҷумла бехешон,
Агарчи хокиянд эшон, валекин шоҳу султонанд.
Зи ганҷи ишқ заррезанд, ғуломи Шамси Табрезанд,
Ва кони лаълу ёқутанду дар кон ҷони арконанд.
Баромад бар шаҷар тӯтӣ, ки то хутбай шакар гӯяд,
Ба булбул кард ишорат гул, ки то ашъор баргӯяд.
Ба сарви сабз ваҳй омад, ки то ҷонаш бувад дар тан,
Миён бандад ба хидмат рӯзу шабҳо ин самар гӯяд.
Ҳама тасбеҳгӯёнанд, агар моҳ аст, агар моҳӣ,
Валекин ақл истодаст, ӯ машрӯҳтар гӯяд.
Дарояд санг дар гиря, дарояд чарх дар кудя,
Зи арш ояд дусад ҳадя, чу ӯ дарси назар гӯяд.
Ҳазорон симбар бинӣ, гушоида бару сина,
Чу он анбарфишон қиссай насими он саҳар гӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор