Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Ҳам лабони майфурӯшат бодаро арзон кунад,
Ҳам ду чашми шӯхи мастат ратлро гардон кунад.
Ҳам ҷаҳонро нур бахшад офтоби рӯи ту,
Заҳрро тарёқ созад, куфрро имон кунад.
Ҳар киро дар чашм орад, чашми ӯ равшан шавад,
Ҳар киро аз ҷон барорад, ғарқаи ҷонон кунад.
Чунки бар курсӣ барояд подшоҳи рӯи ӯ,
Чархро бар ҳам даронад, аршро ларзон кунад.
Он ки аз ҳоҷат назар дорад ба косай ҳар касе,
Лутфи ӯ баргираду ҳамкосаи султон кунад.
Шоҳи мо аз ҷумла шоҳон пеш буду беш буд,
З-он ки шоҳаншоҳи мо ҳам шоҳу ҳам дарвеш буд.
Шоҳи мо аз пардае бар ҷон чу худро ҷилва кард,
Ҷони мо бехеш шуд, зеро ки шаҳ бехеш буд.
Шоҳи мо аз ҷони мо ҳам дур, ҳам наздик буд,
Ҷони мо бо шоҳи мо наздику дурандеш буд.
Софи ӯ бедурд буду роҳаташ бедард буд,
Гулшани бехор буду нӯши ӯ бенеш буд.
Як сифат аз лутфи шаҳ-он ҷо, ки парда баргирифт,
Обу оташ сулҳ карду гург дояй меш буд.
Ҷони мутлақ шуд зи нураш сурате, к-ӯ ҷон надошт,
Гашт қурбони раҳаш он кас, ки ӯ бадкеш буд.
Нест мегуфтем андар ҳаст, гуфт: оре, биё,
Ҳаст шуд олам аз ӯ, мавқуфи як оре-ш буд.
Чу саҳаргоҳ зи гулшан маҳи айёр баромад,
Чӣ басе наъраи мастон, ки зи гулзор баромад.
Зи рухи моҳхисолаш, зи латифии висолаш
Ҳамаро бахт фузун шуд, ҳамаро кор баромад.
Зи дусад равзаи ризвон, зи дусад чашмаи ҳайвон
Ду ҳазорон гули хандон зи дили хор баромад.
Ғами чун дузд, ки дар дил ҳама шаб дорад манзил,
Ба кафи шаҳнаи васлаш ба сари дор баромад.
Зи паси зулм расида, ҳама умед бурида,
Масали давлати тобон дили бедор баромад.
Тану ҷон аз паси пире зи висолаш чу ҷавон шуд,
Ҳамаро баъди касодӣ чӣ харидор баромад.
Чу Салоҳи дилу динро ҳама дидед, бигӯед,
Ки чӣ хуршеди аҷоиб, ки зи асрор баромад.
Чӣ таваққуф аст з-ин пас, ҳама корвон равон шуд,
Нигарад шутур ба уштур, ки биё, ки сорбон шуд.
Зи чапу зи рост, бингар, ба қаторҳои бемар,
Пайи рӯз ҳамчу соя ба тариқи осмон шуд.
На зи ломакон расидӣ, ҳама чиз аз он кашидӣ,
Дили ту чаро надонад ба хушӣ ба ломакон шуд.
Ҳама рӯз лаъб кардӣ, ғами хона худ нахурдӣ,
Суи хона бояд акнун, дижаму кашон-кашон шуд.
Ту биханд, ханда авло, ки равон шавӣ ба мавло
Карамаш раво надорад ба карим бадгумон шуд.
Ай Худое, ки чу ҳоҷот ба ту баргиранд,
Ҳар муроде, ки бувадшон, ҳама дар бар гиранд.
Ҷону дилро чу ба пайки дари ту биспоранд,
Ҷони боқии хуши шоди муъаттар гиранд.
Бандагонанд туро, к-аз ту туйишон мақсуд,
Пой дар роҳи ту бинҳанду ками сар гиранд.
Тарки ин шурб бигӯянд дар ин рӯзе чанд,
Ивази шурби фано шарбати Кавсар гиранд.
Чун ситора шаби торик пайи маҳ гиранд,
Чу маҳи чорда рухсор мунаввар гиранд.
Гар бимонанд ятим аз падару модари хок,
Падару модари рӯҳонии дигар гиранд.
Чун бибинанд, ки тан луқмаи гӯр аст яқин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор