Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаб шуду ҳангоми хилватгоҳ шуд,
Қиблаи ушшоқ рӯи моҳ шуд.
Маҳпарастон, моҳ хандидан гирифт,
Шабравон, хезед, вақти роҳ шуд.
Хоб омад, мову манҳо ло шуданд,
Вақти он бехоби иллаллоҳ шуд.
Мағзҳо омехта бо коҳи тан,
Тан бихуфту донаҳо бекоҳ шуд.
Ҳиндувон хиргоҳи танро рӯфтанд,
Турк хилват диду дар хиргоҳ шуд.
Гуфтугӯҳои ҷаҳонро об бурд,
Вақти гуфтанҳои шоҳаншоҳ шуд.
Шамси Табрезӣ чу омад дар миён,
Аҳли маъниро сухан кӯтоҳ шуд.

Аз дили рафта нишон меояд,
Бӯи он ҷону ҷаҳон меояд.
Наъраву ғулғулаи он мастон
Ошкорову ниҳон меояд.
Гавҳар аз ҳар тарафе метобад,
Пойкӯбон суи ҷон меояд.
Аз дари машъаладорони фалак
Оташи дил ба даҳон меояд.
Ҷони парвона миён мебандад,
Шамъи равшан ба миён меояд.
Офтобе, ки зи мо пинҳон буд,
Сӯи мо нурфишон меояд.
Тир аз ғайб агар паррон нест,
Пас, чаро бонги камон меояд?

Гули хандон, ки нахандад, чӣ кунад?
Олам аз мушк набандад, чӣ кунад?
Нори хандон, ки даҳон бигшодаст,
Чунки дар пӯст нагунҷад, чӣ кунад?

Маҳи тобон ба ҷуз аз хубию ноз,
Чӣ намояд, чӣ писандад, чӣ кунад?
Офтоб ар надиҳад тобишу нур,
Пас, бад-ин нодира гунбад чӣ кунад?
Соя чун талъати хуршед бидид,
Накунад саҷда, наханбад, чӣ кунад?
Ошиқ аз бӯи хуши пираҳанат
Пираҳанро надаронад, чӣ кунад?
Тани мурда, ки бар ӯ баргузарӣ,
Нашавад зинда, наҷунбад, чӣ кунад?
Дилам аз чанги ғамат гашт чу чанг,
Нахурӯшад, натарангад, чӣ кунад?
Шери Ҳақ шоҳ Салоҳуддин аст,
Накунад сайду нағуррад, чӣ кунад?

Аз чашми пурхуморат, дилро қарор монад,
В-аз рӯи ҳамчу моҳат дар маҳ шумор монад.
Чун мутриби ҳавоят чанги тараб навозад,
Мар Зуҳраи фалакро кай касбу кор монад?
Яғмобаки ҷамолат ҳар сӯ, ки лашкар орад,
Он сӯй шаҳр монад, он сӯ диёр монад.
Гулзори ҷонфизоят бар боғи ҷон бихонад,
Гулҳо ба ақл бошад, ё хор-хор монад.
Ҷосуси шоҳи ишқат чун дар диле дарояд,
Ҷуз ишқ ҳеч касро дар сина ёр монад?
Ай шод он замоне, к-аз бахти ногаҳонӣ,
Ҷонат канор гирад, тан барканор монад.
Чун з-ончунон нигоре дар сар фитад хуморе,
Дил тахту бахт ҷӯяд, ё нангу ор монад.
Мехоҳам аз Худо ман, то Шамси Ҳаққи Табрез,
Дар ғори дил битобад, бо ёри ғор монад.

Як хона пур зи мастон, мастони нав расиданд,

пешина
аз 71
навбатӣ