Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Девонагони бандӣ занҷирҳо дариданд.
Бас эҳтиёт кардем, то нашнаванд эшон,
Гӯӣ қазо дуҳул зад, бонги дуҳул шуниданд.
Ҷонҳои ҷумла мастон, дилҳои дилпарастон,
Ногаҳ қафас шикастанд, чун мурғ барпариданд.
Мастон сабӯ шикастанд, бар хунбҳо нишастанд,
Ман дӣ зи раҳ расидам, қавме чунин бидидам.
Ман хешро кашидам, эшон маро кашиданд.
Онро, ки ҷон гузинад, бар осмон нишинад,
Ӯро дигар кӣ бинад, ҷуз дидаҳо, ки диданд?!
Як соқие аён шуд, ошӯби осмон шуд,
Май талх аз он замон шуд, хикаш аз он дариданд.

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қадам дарояд,
Дар хонаи хаёлат шояд, ки ғам дарояд.
Ай он, ки ҳар вуҷуде з-оғоз аз ту хезад,
Шояд, ки бо вуҷудат дар мо адам дарояд.
Ай ғам, ту ҷамъ мешав, к-инак сипоҳи шодӣ
То Кайқубод шодон бо сад алам дарояд.
Ай дил, мабош ғамгин, к-инак зи шоҳи ширин,
Он чанги пурнавое холишикам дарояд.
Он соқии илоҳӣ ояд зи базми шоҳӣ
В-он мутриби маъонӣ акнун ба дам дарояд.
Ай ғам, чӣ хирарӯӣ, охир маро нагӯӣ,
Андар дарам дарафтӣ, чун ӯ дарам дарояд.
Охир шавам мусаллам аз оташи ту, ай ғам,
З-он кас, ки ҷонфизоӣ ӯро салам дарояд.

Гуфтӣ, ки дар чӣ корӣ, бо ту чӣ кор монад,
Коре, ки бе ту гирам, валлаҳ, ки зор монад.
Гар хамри хулд нӯшам бо ҷомҳои заррин,
Ҷумла судоъ гардад, ҷумла хумор монад.

Дар коргоҳи ишқат бе ту ҳар он чи бофам,
Валлаҳ на пуд монад, валлаҳ на тор монад.
Ту ҷӯи бекаронӣ, пешат ҷаҳон чу пуле,
Ҳошо, ки бо чунин ҷӯ бар пул гузор монад.
Олам чаҳор фасл аст, фасле хилофи фасле,
Бо ҷанги чор душман ҳаргиз қарор монад?
Пеш о, баҳори хубӣ ту асли фаслҳоӣ,
То фаслҳо бисӯзад, ҷумла баҳор монад.

Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард,
Моро чӣ ҷурм, агар карамаш бо шумо накард?
Ташнеъ мезанӣ, ки ҷафо кард он нигор,
Хубе, кӣ дид дар ду ҷаҳон, к-ӯ ҷафо накард.
Ишқаш шакар бас аст, агар ӯ шакар надод,
Ҳуснаш ҳама вафост, агар ӯ вафо накард.
Бинмой хона, ай ки аз ӯ нест пур чароғ,
Бинмой сафҳае, ки рухаш пурсафо накард.
Ин чашму он чароғ ду нуранд, ҳар яке
Чун он ба ҳам расид, касешон ҷудо накард.
Чун рӯҳ дар назора фано гашт, ин бигуфт:
Наззора дар ҷамоли Худо ҷуз Худо накард.
Ҳар як аз ин мисол баён асту муғлата-ст,
Ҳақ ҷуз зи рашки номи рухаш ваззуҳо накард.
Хуршеди рӯи мафхари Табрез-Шамсидин,
Бар фоние натофт, ки онро бақо накард.

Чандон ҳаловату мазаву мастию гушод
Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?
Чашми ту баргушояд ҳар дам ҳазор чашм,
Зеро Масеҳвор Худо қудраташ бидод.
В-он ҷумла чашмҳо шуда ҳайрони чашми ӯ,
К-он чашмашон басорати нав аз чӣ роҳ дод?
Гуфтам ба осмон, ки чунин моҳ дидаӣ?

пешина
аз 71
навбатӣ