Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Савганд хӯрду гуфт: Маро нест ҳеч ёд.
Акнун бибанд ду лабу он чашм баркушо,
Дигар сухан магӯй, агар ҳаст иттиҳод.
Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?
Ё Раб, ба тӯтиён чӣ шакарҳо ҳамедиҳанд?
Дар боғҳо дарой ту имсолу дарнигар,
К-он шохаҳои хушк чӣ барҳо ҳамедиҳанд.
Миқроз дар миёнаву хилват ҳамебаранд
В-онро, ки тоҷ рафт, камарҳо ҳамедиҳанд.
Бе миннати касе ҳама бар нуқра мезананд,
Бе заҳмати мусодира зарҳо ҳамедиҳанд.
Ҳар дил, ки ташна аст, ба дарё ҳамебаранд,
В-онро, ки гавҳар аст, гуҳарҳо ҳамедиҳанд.
Ин туҳфа дидаанд, ки ушшоқи рӯзгор
То бар шумори мӯи ту сарҳо ҳамедиҳанд.
Ин нури дидаанд, ки девонагони роҳ
Савдо ҳамехаранду ҳунарҳо ҳамедиҳанд.
Сад Мисри мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд,
Сад баҳри салтанат зи татовул сароб шуд.
Сад бурҷи ҳирсу бухл ба хандақ-дар уфтод,
Сад бахти нимхоб ба куллӣ ба хоб шуд.
Он шоҳроҳи ғайб бар он қавм баста буд
В-он моҳи занги зулм ба зери ҳиҷоб шуд.
В-он чашм, к-ӯ чу барқ ҳамесӯхт халқро,
Дар навҳа уфтоду ба гиря саҳоб шуд.
В-он дил, ки сад ҳазор дил аз вай кабоб шуд,
Дар оташи Худой кунун ӯ кабоб шуд.
Ай шод он касе, ки аз ин ибрате гирифт,
Ӯро аз ин сиёсати шаҳ фатҳи боб шуд.
Чун бахти рӯсапед шаб андар дуъо гузор,
Зеро дуъои Нӯҳ ба шаб мустаҷоб шуд.
Ҷони ману ҷони ту буд яке з-иттиҳод,
Ин ду, ки ҳар ду якест, ҷуз ки ҳамон як мабод!
Фард чаро шуд адад аз сабаби хӯи бад,
З-оташ боде бизод, дар сари мо рафт бод.
Гашт ҷудо мавҷҳо, гарчи буд аввал яке,
Аз сабаби бод буд, он ки ҷудойӣ бизод.
Ҷоми дуӣ даршикан, бода мадеҳ бодро,
Чун ду шавад подшоҳ, шаҳр равад дар фасод.
Рӯз фазилат гирифт, з-он ки яке шамъ дошт,
Ҳар тарафе шаб зи аҷз шамъу чароғе ниҳод.
Гарчи зи раббулъибод ҳар нафасе раҳмат аст,
Кай бувад он дам, ки раб монаду фонӣ ибод.
Бори дигар омадем, то шавад иқбол шод,
Давлат бори дигар дар рухи мо рӯ кушод.
Сурма кашид ин ҷаҳон боз зи дидори мо,
Гашт ҷаҳон тозарӯй, чашми бадаш дур бод!
Ишқ зи занҷири хеш ҷасту хирадро гирифт,
Ақл зи дастони ишқ нолакунон дод дод.
Марями ишқи қадим зод Масеҳо, аҷаб,
Дод наёбад хирад, чунки чунин фитна зод.
Боз дусад қурси моҳ бар сари он хон шикаст,
Дил чу чунин хон бидид, пой ба хун дарниҳод.
Давлат биштофтаст, чун назарат ёфтаст,
То ки бақо ёфтаст ошиқи кавну фасод.
Мафхари Табрезиён, Шамси ҳақ, ай хушнишон,
Олам, ай шоҳи ҷон, бе рухи хубат мабод!
Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид,
Нимашабе ногаҳон субҳи қиёмат дамид.
Воситаҳоро бурид, дид ба худ хешро,
Он чи забоне нагуфт, бе сару гӯше шунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор