Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МӮРЧАГОН

Мӯраке бар коғазе дид ӯ қалам,
Гуфт бо мӯри дигар ин роз ҳам.

Мӯрчае дид қалам рӯйи коғаз мераваду калимаҳою ҳарфҳоро паҳлуи ҳам мечинад. Бо тааҷҷуб ба мӯрчаи дигар нишон дод. Ӯ, ки донотар буд, гуфт:
– Ин нақшҳо, ки рӯйи коғаз меояд, кори қалам нест, кори ангуштон аст, ки онро мегардонад.
Мӯрчаи севумӣ гуфт:
– Аз ангушти лоғари нотавон чӣ меояд? Ин кори бозуи тавоност, ки ангуштонро нигоҳ медорад ва такягоҳи онҳост.
Мӯрчагони дигар, ки ҳозир буданд, ҳар як чизе, ки ба ақлашон дар ин бора мерасид, мегуфтанд, то ин ки риштаи сухан ба дасти мӯрчае, ки донотару бузургтар аз ҳама буд, афтод. Ӯ гуфт:
– Фаромӯш накунед, ки агар ақлу ҷон набошанд, ҳеҷ чиз аз ҷойи худ намеҷунбад. Он чи мо мебинем, сурати кор аст.

Сурат омад чун либосу чун асо,
Ҷуз ба ақлу ҷон наҷунбад нақшҳо.

Аммо ӯ ҳам намедонист, ки ақлу ҷон ҳам бе иродаи Парвардигори баландмартаба коре анҷом намедиҳанд. Фаҳмидани ин матлаб кори одам нест, чӣ расад ба мӯрчае, ки дар тамсил баён шудааст. Дар кори Худованд ҳама дар шигифтанд ва беҳтар аст, ки ҳайрон бошанд.

Чун зи фаҳми ин аҷоиб кавданӣ,
Гар «бале» гӯйӣ, такаллуф мекунӣ.
В-ар бигӯйӣ: «на», занад «не» гарданат,
Қаҳр барбандад бад-он «не» равзанат.
Пас, ҳамин ҳайрону вола бошу бас,
То дарояд насри Ҳақ аз пешу пас.

Одамӣ, ки ақлаш ба канораҳои офариниш намерасад, агар даъво кунад, ки ҳама чизро медонад, дуруст нест, чаро ки дар ҳадди фаҳми ӯ нест. Агар инкор кунад, дучори хашми Худованд хоҳад шуд. Беҳтар аст дар ҳамон ҳайронию саргардонӣ дасту по бизанем ва аз Парвардигори доно ва меҳрубон ёрӣ бихоҳем.

ДОСТОНИ МУҲАММАД ВА ҶАБРАИЛ

Рӯзе ҳазрати Паёмбари акрам (с) ба Ҷабраил (а) гуфт:
– Эй дӯсти ман, чеҳраи худро чунон ки ҳаст, ба ман нишон деҳ, то онро аз наздик бинам.
Ҷабраил гуфт:
– Ту тоқати дидори маро надорӣ, чун ҳисси одамӣ заиф аст ва тавоноии дарёфту дидори қисми ҳодисотро надоранд. Агарчи Худованди тавоно дар ботини ӯ розе нуҳуфтааст, ки қобилият нишон диҳад, аз қисми ин ҳадяи илоҳӣ даст мекашад.
Ҳазрати Муҳаммад фармуд:
– Худро нишон бидеҳ, то ошкор гардад, ки ин тан чӣ қадар нотавону заиф аст. Тан монанди санг аст ва тобини ӯ оҳан. Ё оташзана аст, ки чун ба ҳам бархӯрд кунад, оташ падид меояд ва шуълаи ин оташ танро дарҳам мешиканад. Аммо дар ҳамин тан шуълаи дигаре ҳаст, ки оташро бар Иброҳими Халил (а) гулистон мекунад.

пешина
аз 176
навбатӣ