Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Тӯтӣ аз дидани марди кал ӯро ҳам бо худ қиёс кард ва пиндошт, ки корфармояш ба сари ӯ ҳам кӯфтааст ва мӯйҳояш рехтааст. Ва хаёл кард, ки ӯ ҳам шишаҳои равғанро шикастааст.
Бисёр касон ҳоли худро бо дигарон қиёс мекунанд ва аз шабоҳати зоҳир ба муҳокимаронӣ мепардозанд.
Чӣ басо, ки дар маънӣ ба якдигар қобили санҷиш набошанд. Мавлоно Румӣ ба бозгуфтани ин достонҳо масалҳои зиёдеро ҳам овардааст, монанди ин ки оби талху оби ширин ҳар ду ба зоҳир зулолу софу яксонанд, аммо дар чашидан тафовути онҳо намоён мегардад ё шӯразору замини хуб ё намози мунофиқу муъмин. Монанди шикорчӣ, ки садои парандагонро тақлид мекунад ва парандаи ғофил ба тасаввури ин ки ҳамҷинси ӯст, ба сӯйи садо меравад ва дар дом меафтад. Чӣ басо, ки ҳарфҳо ва гуфтаҳои фиребандаи мардуми дағал бо фармудаи дурусткорон якҷӯр бошад.
Чун басе Иблиси одамрӯй ҳаст,
Пас, ба ҳар дасте нашояд дод даст.
ДОСТОНИ БОЗАРГОН ВА ТӮТӢ
Буд бозаргону ӯро тӯтие,
Дар қафас маҳбус, зебо тӯтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд
Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гӯй зуд».
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тӯтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тӯтӣ, ки он ҷо тӯтиён
Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.
К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.
Бар шумо кард ӯ салому дод хост
В-аз шумо чора, раҳи иршод хост.
Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,
Ҷон диҳам, ин ҷо бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дӯстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?
Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор,
Як сабӯҳӣ дар миёни марғзор».
Ёди ёрон ёрро маймун бувад,
Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.
Марди бозаргон чун ба Ҳиндустон расид, дар бешае ба дасти тӯтиён бархӯрду паёми тӯтии худро ба онҳо расонид. Тӯтиён шуниданд ва бар дурии дӯсти худ ғусса хӯрданд. Аммо яке аз он миён бо шунидани паёми тӯтӣ дасту пояш ларзиду бар замин афтод ва нафасаш банд шуд. Бозаргон нигарон шуд, ки чаро он тӯтӣ ҷон дод ва худро сарзаниш кард, ки кош паёмро намедодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор