Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Пас аз ин ки аз сафар омаду барои ҳар як аз хешону хидматгорон армуғон овард, ба қафаси тӯтӣ наздик шуд ва шарҳи ҳол бигуфт. Тӯтии ӯ ҳам чун достонро аз забони бозаргон шунид, танаш ба ларза даромад ва чун мурдае дар кунҷи қафас нақш бар замин шуд. Бозаргон афсӯсхӯрон даст бар сар мезаду мегуфт:
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,
Зуд рӯй аз рӯйи ӯ бартофтам».
Эй забон, ту бас зиёнӣ бар варо,
Чун туӣ гӯё, чӣ гӯям ман туро?
Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?
Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,
Гарчи ҳар чӣ гӯияш, он мекунад.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
Бозаргон чун тӯтиро хуфта ёфт, дари қафасро боз кард ва ӯро берун кашид. Тӯтӣ зинда шуду ба ҳаво парид ва бар дарахте нишаст. Бозаргон дар шигифт шуд, ки он мурдан чӣ буд ва ин паридан чист! Ба тӯтӣ гуфт:
Он кӣ ғофил буд аз кишту баҳор,
Ӯ чӣ донад қимати ин рӯзгор?
Ӯ чӣ кард он ҷо, ки ту омӯхтӣ?
Сохтӣ макреву моро сӯхтӣ».
Гуфт тӯтӣ, к-ӯ ба феълам панд дод,
Ки раҳо кун лутфи овозу видод.
З-он ки овозат туро дар банд кард,
Хештан мурда пайи ин панд кард.
Яъне, эй мутриб, шуда бо ому хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.
Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,
Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.
Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,
Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.
Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,
Сад қазои бад суйи ӯ рӯ ниҳод.
Чашмҳову хашмҳову рашкҳо
Бар сараш резад чу об аз машкҳо.
Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,
Дӯстон ҳам рӯзгораш мебаранд.
Тӯтӣ бар шохаи дарахт бозаргонро панд доду гуфт:
– Барои он ки аз дом раҳоӣ ёбӣ, бояд аз ҷони ширинат бираҳӣ. Дӯсти ман дар Ҳиндустон худро ба мурдан заду ба ин васила ба ман пайғом дод, ки агар ман хоҳам аз қафас озод шавам, бояд кори ӯро такрор кунам ва бимирам, то раҳо шавам. Ман ҳам панди ӯро ба кор бурдам. Инак, ба сӯйи дӯстон парвоз мекунам ва туро ба Худо месупорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор