Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ НАҚҚОШОНИ ЧИНӢ ВА СУРАТГАРОНИ РУМӢ
Суратгарони чинию румӣ назди подшоҳе омаданд ва ҳунарҳои худро бар ӯ арза карданд. Чиниҳо даъвогар шуданд, ки онҳо дар наққошӣ бар ҳама саранд ва румиён ин даъворо хилоф донистанд. Пас подшоҳ дастур дод, ҳар даста ҳунари худро нишон диҳад ва қарор шуд ду пойгоҳ дар ихтиёри онҳо бигузоранд. Ҳар даста ҳунармандии худро ба шоҳ нишон бидиҳанд. Ду хона дар баробари якдигар, ки ба ҳам роҳ доштанд, ба ҳар кадом вогузор шуд. Чиниҳо ба даруни хонаи худ рафтанду аз хазина рангҳои гуногун хостанд. Шабу рӯз кашиданд, то зеботарин нақшҳоро бар девори намоишгоҳ кашиданд. Ҳунармандони румӣ низ дар ҷойгоҳи худашон бо кӯшиши фаровон ба сайқал задани деворҳо пардохтанд, на ранге ба кор бурданд ва на нақше оварданд. Шабу рӯз деворҳоро месовиданд ва онҳоро чун ойина менамуданд, ки ҳар нақше дар онҳо метофт, акс медод.
Корҳо, ки анҷом шуд, шоҳ ба тамошои ҷойгоҳи чиниҳо омаду аз дидори ҳунари онҳо ва нақшҳое, ки ба девор нигошта буданд, дар шигифт шуд. Ба онҳо офарин гуфт. Он гоҳ ба хонаи румиҳо рафт ва онҳо пардаи ҳоили овезони байни ду хонаро канор заданд. Ногоҳ ҳамаи нақшҳои хонаи ҳамсоя бар деворҳои он ҷо зоҳир шуд. Деворҳои чун ойина ҳама кори чиниёнро дар худ инъикос карданд:
Акси он тасвиру он кирдорҳо,
Зад бар ин софишуда деворҳо.
Ҳар чӣ он ҷо дид, ин ҷо беҳ намуд,
Дидаро аз дидахона мерабуд.
Румиён он сӯфиёнанд, эй падар!
Бе зи такрору китобу бе ҳунар.
Лек сайқал кардаанд он синаҳо,
Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.
Он сафои ойина, васфи дил аст,
Сурати бемунтаҳоро қобил аст.
Аҳли сайқал растаанд аз бӯю ранг,
Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг.
Марг, к-ин ҷумла аз ӯ дар ваҳшатанд,
Мекунанд ин қавм бар вай ришханд.
Кас наёбад бар дили эшон зафар,
Бар садаф ояд зарар, на бар гуҳар.
Гарчи наҳву фиқҳро бигзоштанд,
Лек маҳви фақрро бардоштанд.
То нуқуши ҳашт ҷаннат тофтаст,
Лавҳи дилшонро пазиро ёфтаст.
Сад нишон доранду маҳви мутлақанд,
Чӣ нишон? Бал айни дидори Ҳақанд.
Румиёни наққош монанди сӯфиён ростгӯ ҳастанд, ки китоб нахондаву дарс наёмӯхта ва ҳунар нашинохта, бо синаи софу холӣ аз рашку тамаъ, кинаю бадхоҳӣ ҳама чизро мебинанду нахонда медонанд ва наомӯхта огоҳанд. Дилро аз кина пок кардаанд, то ҳақиқат дар он инъикос гардад. Ақл дар ин ҷо хомӯш аст. Агар сухане гӯяд, онҳоро, ки ранг аз дил пок кардаанд, гумроҳкунанда аст аз рангу бӯ растаанд, зоҳири донишро раҳо карда, ба ҳақиқати аслӣ расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор