Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ҲАЙВОНОТИ ҶАНГАЛ ВА ШЕРУ ҚАЗИЯИ КӮШИШУ ТАВАККУЛ

Дар бешае ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекарданд. Шере онҳоро ҳар дам мавриди ҳамла қарор медод ва зиндагиро дар он ҷойи хурраму босафо бар онҳо ҳаром мекард. Рӯзе ҳама ҳайвоноти сокини ҷангал гирд омаданд ва ба шер паём доданд, ки агар дар озори онҳо накӯшад, онҳо қабул доранд, ки ҳар рӯз хӯроки онро бирасонанд, то ин ки бе заҳмату дарди сар ғизои худро ба даст оварад. Шер гуфт:
– Ба шарти ин ки ба ваъда вафо кунед, мепазирам.
Ҳайвоноти ваҳшӣ ҷавоб доданд:
– Ту ба мо эътимод кун ва ба Худо таваккул:

Дар ҳазар шав, диданат шӯру шар аст,
Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.
Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,
То нагирад ҳам қазо бо ту тез.

Шер гуфт:

Гуфт: «Оре, ки таваккул беҳтар аст,
Ин сабаб ҳам суннати Пайғамбар аст.
Гуфт Пайғамбар ба овози баланд:
«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:

Нест касбе аз таваккул хубтар,
Чист аз таслим худ маҳбубтар?
Бас гурезанд аз бало сӯйи бало,
Бас ҷаҳанд аз мор сӯйи аждаҳо.
Он ки ӯ аз осмон борон диҳад,
Ҳам тавонад, к-ӯ зи раҳмат нон диҳад.

Шер гуфт:
– Бо ин ҳама Худованд сабаби ҳар чизро ба кӯшишу ҷидду ҷаҳд фароҳам кардааст. Агар накӯшӣ, ба ҷое нахоҳӣ расид. Даст дод, ки бар аҳд содиқ бошад ва ҳар кас аз неъматҳои Худованд баҳра барнагирад, шукри ӯро ба ҷо наовардааст:

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабр неъмат аз кафат берун кунад.
Ин қадар ақле, ки дорӣ, гум шавад,
Сар, ки ақл аз вай бипаррад, дум шавад.
Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:
– Агар корҳо ба кӯшиш буд, аз оғози ҷаҳон ҳазорон ҳазор кӯшиданду ба ҷое нарасиданд ва ҷон доданд. Бояд ба доду ба қисмат розӣ шуд ва аз талоши беҳуда бозистод. Магар нашунидаӣ достони он марди содаро, ки рӯзе ҳаросон худро ба боргоҳи Сулаймон (а) тарсону рангпарида афканд. Сулаймон (а) иллати нигаронии ӯро пурсид:
Ҷавоб дод:
– Дар кӯча мегузаштам, Азроилро дидам, ки бо ҳайбат ва ҳайронӣ ба ман нигарист.
Сулаймон (а) пурсид:
– Ҳоло аз ман чӣ мехоҳӣ?

пешина
аз 176
навбатӣ