Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вахшонзамин то давраи истилои муғул соҳиби тамаддуни пешрафта ва олӣ буд. Дар ин водӣ на танҳо олимону донишмандон, хушнависону ҳунармандон, меъморону наққошон, балки адибони барӯманде низ зиндагӣ ба сар мебурданд. Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, бинобар ин, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо нисбаи «Балхӣ» ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бузурги Вахшонзамин ду нафар на танҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрати зиёд ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Румӣ ё худ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Вахшонӣ мебошад.
Донишманди тоҷик Хуршед Зиёев таҳти унвони «Дурахше аз Вахш» дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддин будани Вахшонзамини тоҷикон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (26 июли соли 2007) мақолаи пурарзише ба табъ расонид. Дар он зикр ёфтааст, ки тибқи гуфти падари Мавлоно Баҳоуддинвалад дар китобаш – «Маориф», ӯ солҳои 1203-1210 милодӣ бо аҳли хонаводааш дар сарзамини Вахш иқомат доштааст. Дар ин давра писараш Ҷалолиддин дар Вахшонзамин таваллуд меёбад. Вай дар соли таваллуди писараш воизи яке аз масҷидҳои он будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуддин дар асари худ чандин бор аз диёри Вахш ёд кардааст. Аз ҷумла дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегӯяд. Дар ҷилди дуюми асараш ин мутафаккири бузурги тоҷик муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай менависад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?»
Хуршед Зиёев дар мақолаи худ афзудааст, ки ҳанӯз солҳои сиюми садаи гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолиддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами пажӯҳишгари амрикоӣ Франклин Луис тааллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Франклин Луис чанд далел меоварад. Аввалан, маълумоти тарҷумаҳолиро, ки дар китоби «Маориф»-и Баҳоуддинвалад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 милодӣ, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва хонаводааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд».

пешина
аз 176
навбатӣ