Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Сониян, ба ақидаи Франклин Луис, худи Ҷалолиддини Румӣ низ аз диёраш – Вахш ёд мекунад. Дар ин бора муҳаққиқи амрикоӣ чунин ибрози андеша намудааст: «Баҳо (Баҳоуддинвалад – падари Мавлоно Румӣ дар назар аст – Қ.С.) то сентябри соли 1210 милодӣ ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 милодӣ баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Баҳоуддинвалад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охири умраш, анҷоми соли 1260 милодӣ, Румӣ як руҷӯи лаҳзавие ба овони кӯдакии худ дар Вахш мекунад ва масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ месозад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯйи Вахш».
Сеюм, ба масъалаи он ки чаро Румиро зодаи Балх меҳисобанд, Франклин Луис чунин менависад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳадди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале бо мардуми Анатолия (Рум) онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, аз яке аз марказҳои муҳимми фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад, сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри бузург муаррифӣ месозанд».
Бино ба маълумоти китоби «Маориф»-и Мавлоно Баҳоуддинвалад ва осори худи Румӣ, ки забони онҳо саршори калимот аз шеваҳои ҷанубии Тоҷикистони муосир аст ва ба манбаъҳои дигар такя намуда, дар хусуси зодгоҳи ин мутафаккир будани Вахшонзамин мо метавонем мустақилона далелҳои дигаре пешниҳод намоем, вале бо овардани андешаҳои беғаразонаи ин муҳаққиқи амрикоӣ иктифо карда, чанд сухане аз ҳаёт ва осори ӯ меоварем.
Сипас Хуршед Зиёев дар бораи зодгоҳи Мавлоно бо қатъият чунин менависад: «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ 30 сентябри соли 1207 дар Вахшонзамин дар оилаи сӯфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддинвалад ба дунё омадааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор