Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чун намемонад ҷаҳони беқарор,
Номи некӯ беҳ, ки монад ёдгор.
Хусусан, рақами манонии (бахшандаи) хайр ба ҳеҷ навъ аз алвоҳи (лавҳи) айём маҳв намешавад ва ҳадиси бақои хайр, ки аз мутақаддимон воқеъ шуда ба тасалсулу дағдаға ба самъи мутаохирон муяссар мегардад...
Фард:
Кисро намонду қиссаи айвони ӯ бимонд,
Нуъмон бирафту зикри Хаварнақ ҳанӯз ҳаст.
Бузургон гуфтаанд, ки чун ҳумойи тавфиқ ва таъйид аз эшон валад наомезад сояи давлат бар фарқи комгорӣ фиканад ва бозӣ баландпарвоз мувоҳиби (бахшиш) раббонӣ аз файзи ҷовидонӣ ҷилваи мусоидот фармуда, бар санади саодатманде ором гирад. Лоиқи ҳол он аст, ки саҳоифи аҳволи худро бо роқиме... биёрояд ва зуд сафари охиратро аз тақдими хайроти мубаррот ва тартиби боқиёти солеҳот, ки иборат аз хайри он ва садақаи ҷория аст, муҳайё кунад, то зикри неъматҳо ва шукри карами ӯ ба атрофу акнофи олам расида, дар ҳар замоне бар ҳар забоне санову офарини ӯ ҷорӣ бошад. Фард:
Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Дар ҳадис омада, ки чун одамӣ ба манзили охират равад, ҳама амалҳо аз ӯ мункатеъ гарданд ва илло се чиз: яке садақаи ҷория, дуввум амале, ки бад-он нафъ гиранд, сеюм, фарзанди солеҳ, ки ӯро дуои хайр кунад (боқӣ монад). Садақаи ҷория иборат аз бақияи хайр бошад, ки мардум ба он мунтафеъ (баҳравар) шаванд чун масҷиду мадраса ва хонақоҳу пул ва работу монанди он. Пас аз волиёни ҳиттаи салтанат ва тахтнишинони боргоҳи хилофат чунон зебад, ки меъмори ҳиммати эшон аввалан дар таъмири масоҷиду таъсиси маъобид ва пулҳову чоҳҳои об бошад...
Хайр кун ё далели хайре бош,
То туро ҳам дар он савоб диҳанд.
Ва он ки дар боби хайр итнобе (дароз кардани сухан) рафт, назар бар он аст, ки савобҳои садақати ҷория ба поён аст.
Овардаанд, ки яке аз бузургонро, ки тӯли ҳаёт ба муаккали аҷал супурда буд ва роҳат аз ин марҳилаи фонӣ ба сарои ҷовидонӣ бурда, дар хоб диданд ва аз ҳолате, ки баъд аз вафот вайро воқеъ шуда буд, пурсиданд. Фармуд, ки муддате дар шиканҷаи азоб гирифтор будам ва дар чанголи уқоби уқубат мефарсудам, ногоҳ парвонаи наҷот аз девони карами илоҳӣ бирасид ва ҳақ субҳонуҳу гуноҳҳои маро биомурзид. Соиле аз вай истифсор намуд, ки ҳеҷ донистӣ, ки сабаби омурзиш чӣ бувад? Ва ба чӣ василати сурат халосӣ рӯҳ намуд? Ҷавоб дод, ки оре, дар биёбоне работе сохта будам, магар дарвеше дар гармғоҳи рӯз ба сояи он работ паноҳ овард ва замоне истироҳат карда, чун машаққати ӯ ба роҳат мубаддал гашта буд, аз рӯи ниёз забон ба дуо кушода ва бар ин ваҷҳ гуфта, ки Худоё, боғии ин мавзеъро биомурз, дарҳол тири дуои ӯ ба нишони иҷобат расида, маро биомурзид ва аз ҳуфраи ҷаҳим ба равзаи наим расонид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор