Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳмон соат ба соат ба дил он ҷавонро таҳсин мекард ва ба забон санову офарини ӯ мегуфт. Байт:

Таборакаллоҳ, аз ин мардумиву хушхӯй,
Гузаштай зи ҳама некӯвон ба некӯй.

Бад-ин минвол то шаби тира ба поён расид ва субҳи равшан рӯй аз уфуқи Машриқ оғози тулӯъ кард. Меҳмон бо дидаи гирён видои мизбонро миён дарбаст ва ба забони ниёз мазмуни ин байти ҷигарсӯзи дилгудоз адо мекард. Байт:

Дилам месӯзад аз доғи ҷудоӣ,
Чӣ будӣ, гар набудӣ ошноӣ?

Ҷавон ба муболиғаи бисёр дархост мекард, ки ду-се рӯзе ин ҷо истиқомат намоӣ ва марди айёр ба анвои (навъҳои) узрҳо мутамассик (истинодкунанда) шуда мегуфт. Байт:

Наёрам шуд албатта ин ҷо муқим,
Ки дар пеш дорам муҳимме азим.

Ҷавон гуфт, маро ташрифи маҳрамият арзонӣ дор ва муҳимме, ки ҳаст бо ман дар миён ор. Шояд, ки мададе тавонам кард ва ҳамроҳӣ ба ҷой овард. Меҳмон чун дилнавозӣ ва ҷавонмардӣ аз вай мушоҳида карда буд, ба худ тааммул намуд, ки ин муҳимми куллӣ, ки маро дар пеш аст, бе имдоди чунин ёре ва бе дастёрӣ аз ин гуна мададгоре саранҷом нахоҳад ёфт, ки марде бо муруввату корсоз ва дилҷӯю ғарибнавоз аст. Ҳеҷ беҳ аз ин нест, ки парда аз рӯи кор бардорам ва ӯро уру маҳрами худ сохта, рӯй ба сохтани он муҳим орам. Назм:

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Ҷудо нашуд бе мадади дӯстон.

Домани ёр ғарат афтад ба даст,
Фориғу озода тавонӣ нишаст.
Кори ту аз ёр мукаммал шавад,
Мушкилат аз ҳамнафасон ҳал шавад.

Пас, аввал ҷавонро ба ҷиҳати ихфои (пӯшидани) он муҳим савганд дод ва баъд аз муболиғаи бисёр ва таъкиди бешумор сирри худро ба ӯ дар миён ниҳоду гуфт: «Шунидаам, ки дар ин навоҳӣ Ҳотам ном касе ҳаст, ки лофи ҷавонмардӣ мезанад ва даъвои эҳсону мардумнавозӣ мекунад. Шоҳи Яманро зоҳир аз ӯ дағдағае дар дил ва хадшае (малоле) дар хотир падид омада.

Ва ман марди парешонрӯзгорам ва маоши ман аз дуздиву айёрӣ мегузарад ва дар ин вило султони вилояти Яман маро талабида ва ваъдаи малу матои фаровон намуда, ба шарти он ки Ҳотамро пайдо кунам ва ба қатл орам ва сари ӯро ба тӯҳфа пеши малик барам. Ва ман ба зарурати ваҷҳи маишат ин сурат ро қабул карда бад-ин қабила омадаам, на Ҳотамро мешиносам ва на роҳ ба манзили ӯ мебарам. Аз дарвешпарварӣ ва ғарибнавозии ту аҷибу ғариб набошад, ки Ҳотамро ба ман намой ва дар қатли ӯ шарти мададгорӣ ба ҷой орӣ, то ман аз ӯҳдаи аҳде, ки кардаам, берун омада бошам ва ба давлати ту аз мавоиди шоҳ баҳраманд гардам». Ҷавон ин суханро истимоъ намуд. Байт:
Бихандиду гуфто, ки Ҳотам манам,
Сар, инак, ҷудо кун ба теғ аз танам.

пешина
аз 242
навбатӣ