Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«Эй меҳмон, бархезу пеш аз он ки мутааллиқони ман хабардор гарданд, сари ман бардору сари худ гир, то мақсуду шоҳи Яман ҳосил ва муроди ту низ муяссар гардад». Байт:
Чу Ҳотам ба озодагӣ сар ниҳод,
Ҷавонро баромад хурӯш аз ниҳод.

Айёр филҳол пеши Ҳотам бар замин афтод ва бӯса бар дасту пои вай бидод ва мегуфт, назм:
Агар ман гуле бар вуҷудат занам,
На мардам, ки дар кеши мардон занам.
Ду чашмаш бибӯсиду дар бар гирифт,
В-аз он ҷо тариқи Яман баргирифт.

Ҳотам асбоби роҳи ӯ аз зоду (тӯша) роҳила (маркаб) таҳия намуда, ӯро гусел кард. Ва айёрпеша баъд аз қатъи роҳ чун пеши подшоҳ омад, сурати ҳол ба арз расонид. Малики Яман аз рӯи карамтабъи мунсиф (боинсофӣ) шуд ва аз роҳи озодагиву ҷавонмардӣ мӯътариф (эътирофкунанда) гашт, кариме дар ин мартабаи ҳад ҳеҷ кас аз одамиён нест ва саховате бад-ин маоба (андоза) мақдури ҳеҷ кас аз одамиён не! Байт:

Ҳаст ҷавонмардии дирам сад ҳазор,
Кор чу бо ҷон фитад, он ҷост кор.

Дар китоби «Ҷавоҳир-ул-иморат» овардаанд, ки чун Ҳотам вафот кард ӯро дафн карданд, қазоро қабри ӯ дар маҳалле воқеъ шуда, ки мумарсел (селраха) буд. Вақте аз авқот борони азим борид ва сели ҳоил (ҳавлнок) биёмад ва наздик буд, ки қабри Ҳотам вайрон гардад. Писараш хост, ки қолаби ӯро ба мавзеи дигар, ки аз ин офат эмин бошад, нақл кунад. Чун сари турбат боз карданд, ҳама аъзо ва аҷзои ӯ аз ҳам рехта буд. Илло дасти рости ӯ, ки ҳеҷ навъ таъғире надошт. Мардум аз он ҳол мутааҷҷиб шуданд ва аз чунон сурате шигифт монданд. Пири соҳибдиле дар миёни назораткунандагон буд, гуфт: Эй мардумон аз ин маъни мутааҷҷиб мешавед ва аз саломатии дасти Ҳотам аҷаб мадоред, ки ӯ, ки ба ин даст атои бисёр ба соилон дода буд, лоҷарам дар ҳимояи хайру карам ба саломат мондааст... Ҳар гоҳ дасти кофари бутпараст ба воситаи ато аз халали рехтагӣ солим мемонад, чӣ аҷаб ки тани мӯъмин ба василаи саховат бо халқ аз офат эмин гардад:

Давлатиён рух зи ҷаҳон тофтанд,
Давлати боқӣ зи карам ёфтанд.

Доро аз ҳакиме пурсид, ки пероии салтанат чист? «Дар иззат зистан». Гуфт: «Иззатро чӣ гуна нигоҳ тавон дошт?» Гуфт: «Ба хор доштани зар. Ҳар ки зар дар назари ӯ хор аст, ҳама кас ӯро азизу мукаррам доранд. Ва ҳар ки зарро азизу мукаррам дорад, ҳамагон ӯро хору мақдур шуморанд». Қитъа:

пешина
аз 242
навбатӣ