Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мол аз баҳри он ба кор ояд,
То ки баҳри танат сипар гардад.
Ҳар ки танро фидои мол кунад,
Молу тан арзаи хатар гардад.

Ҳар кариме, ки хор дорад зар,
Ҳар замоне азизтар гардад.

...Оини саховату мурувват ва қавонини эҳсон ва футувват:

Зи инъому атову марҳамат наздики он омад,
Ки расми эҳтиёҷ аз арсаи олам барандозад.

Номи ҷуди Ҳотам тай карда ва дар дафтари саховат рақами маҳв баркашида:

Кайхусрави замону Фаридуни рӯзгор,
Ҳам шаҳриёру одилу, ҳам подшоҳи ҷуд.
Адлат низоми оламу ҳилмат қавоми мулк,
Ҷудат паноҳи солу дастат паноҳи ҷуд...

ДАР ТАВОЗӮЪ ВА ЭҲТИРОМ

Тавозӯъ сабаби рафъат аст. Чӣ дар ҳадис омадааст, ки ҳар кӣ фурӯтанӣ намояд, дараҷаи ӯ баланд гардад. Байт:

Тавозӯъ туро арҷмандӣ диҳад,
Зи рӯи шараф сарбаландӣ диҳад.

Наср ибни Аҳмад аз мулуки Сомониён писари худро васият кард, ки эй фарзанди дилбанд, агар мехоҳӣ, ки мамлакате, ки бо машаққати бисёр ба даст овардаем ва салтанате, ки умри азиз дар тамҳиди фавоиди он сарф карда, солҳо бар ту бимонад, бар хазина эътимод макун, ки мол дар маърази завол аст ва бар лашкар дил манеҳ, ки марди сипоҳӣ мункалиби (гардандаи) ал-аҳвол аст. Такя дар давоми мулку қиёми ҳукм бар карам намоӣ ва дар тавозӯъ афзоӣ, ки тавозӯъ аз карам дом андар дилҳои мардумон бошад. Ҳар кӣ сайди ин ду дом шуд, ҳаргиз рӯи раҳои надорад. Ҳаргоҳ касеро ба хизмат тавозӯъ намудӣ, дили ӯ сайди ту гашт ва дар доми муҳаббати ту муқайяд шуд, пас, ӯ маҳкуми туву ту махдуми ӯ бошӣ ва ӯ сайди туву ту сайди ӯ шавӣ. Назм:

Тавозӯъ медиҳад аз рӯшноӣ,
Басе бегонагонро ошноӣ.
Тавозӯъ ҳар кӣ дорад сарфароз аст,
Ба рӯи ӯ дари иқбол боз аст.

Тавозӯъ он аст, ки касе миқдори худро аз миқдори дигаре камтар бинад. Пас иззат ва ҳурмати худро бартараф ниҳода, дигаронро азизу мӯҳтарам созад. Аз ин маънӣ касе истиҷно менамояд, ки шарафи зот ва олиқадрро дар маърази иштибоҳ монда бошад ва аммо он ки дар нафси ал-амр бузургқадру олимартаба аст ӯ аз тавозӯъ натарсад, зеро ки тавозӯъ аз бузургӣ ва ҷалолати ӯ ҳеҷ кам накунад, балки набоҳат (бузургӣ) ва шавкати ӯ наздики холиқу халойқ меафзояд. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ