Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар ки бетадбир коре кард мулк аз даст дод,
Мулк мехоҳӣ, бинои кор бар тадбир неҳ,
Баҳри тасхири мамолик лашкару хайлу ҳашам,
Ҷумла даркоранд, лекин зин ҳама тадбир беҳ.

Яке аз мулук ҳакимеро пурсид, ки тадбир беҳтар аст ё шуҷоат? Ҳаким ҷавоб дод, ки шуҷоат мушобеҳи теғ аст ва рой ба масобаи (ба мисли) дасти қавӣ, ки онро кор фармоянд. Ҳар киро даст ба теғ бошад, коре тавонад кард, аммо теғро агар даст набошад, зоеъ монад. Бузургон дар ин боб гуфтаанд: Азизеро пурсидаанд, ки беҳтарин ройҳо ва соибтарини тадбирҳо кадом аст? Гуфт: «Он ки фитнаро фурӯ нишонад ва бар мулук лозим аст, ки ҳаспулмақдур дар таскини фитна кӯшиш намояд. Чунонки, малик Ҳаётуллоҳро воқеъ шуд. Ва сурати ҳол бар ин минвол буд, ки душмани азим аз Хуросон қасди подшоҳ Ҳаётуллоҳ кард. Ӯ низ лашкари азим тартиб дода, рӯй ба дафъи ӯ овард. Аркони давлатии малик мулоҳизаи оқибати худ карда, тариқи пешбинӣ пеш гирифт, номаҳо ба душмани малик навиштаанд ва ихлосу ихтисос зоҳир карданд. Душмани маликро хуш омад ва ҳама мукотиби эшон дар харита карда ва мӯҳр бар он ниҳода ба хизона супурд.

Ва қазоро, вақти масоф малик Ҳаётуллоҳ ғолиб омад ва душман рӯй ба ҳазимат ниҳод ва хизонаву яроқи ӯ ба дасти малик афтод ва он харитан мактубҳо, ки урғони давлати вай ба душман навишта буданд, дар он ҷо ба даст омад. Малик чун маълум кард, ки дар он харита чист, сир боз накард ва ҳамчунон мӯҳр карда бигзошт ва бо худ гуфт, агар ин мукотибаро бихонам, ба зарурат ба аркони давлати худ бад шавам ва эшон, ки ин ҳол маълум кунанд, аз ман ҳаросон гарданд ва барои дафъи зарари худ қасди ман кунанд ва оташи фитна боло гирад ва таскини он бағоят мушкил бувад. Дарҳол хосси даргоҳу муқаррабони ҳазрати худро бихонд ва он харитаро бад-эшон намуд. Ва гуфт: — Ин номаҳоест, ки бузургони лашкари мо аз рӯи оқибатандеш ба хасми мо навиштаанд. Ва ӯ ҳамаро дар харита ҷамъ карда ва мӯҳр бар он ниҳода... бифармуд, то оташ барафрухтанд ва он мукотибаро бисӯхтанд.

Чунон аркони давлат он лутфу макрамат диданд, ҳама рӯ ба қарори худ боз оварданд ва дар мутобиати ӯ якдил шуданд. Бад-ин роҳи сутуда ҷумларо мутеи фармон ва роҳини (гаравгузорӣ) миннати худ сохт.

пешина
аз 242
навбатӣ