Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дуюм, риндону хунрезони авбоши фитнаангез дар билод вақте ба хирарӯӣ ва тундхӯй дасти таарруз ба молу фарзандони мардум дароз кунанд, касе ба ҷиҳати ҳифзи ҳол мутаарризи эшон нашавад ва ҷуз ҳокими соҳибқудратро бар эшон даст набошад. Пас, қатъу қатли эшон зарурат аст.

Дар ахбор омада, ки дар шаҳри Ҳалаб риндону авбошон бисёр шуданд. Мардум аз эшон ба танг омада, назди султони Миср додхоҳӣ карданд. Султон ҳокиме Муслиҳ ном фиристод, то ба дафъи риндону авбошон иштиғол намояд. Муслиҳ биёмад ва баъзе аз ин муфсидонро сиёсат кард.

Он ҷамоат ба кори худ идома медоданд. Ҳол бад-он расид, ки дар масҷиди ҷомеи намозгузорӣ дар пеши меҳроби вай навиштанд, ки эй Муслиҳ, худро маранҷон, ки мо аз ин ҷумлаем, ки агар як танро бикушӣ, даҳи дигар сар бароранд. Мо куштани худро фахри худ медонем ва аз он ҳеҷ ор надорем. Назм:

Мо ошиқему, кушта шудан эътибори мост,
Шамшери ишқ тез зи санги мазори мост.
Бе захми теғи ишқ зи олам намеравем,
Берун шудан зи маърака бе захм ори мост.

Муслиҳ, ки ин хат бархонд, донист, ки бо эшон аз ҳиллаву тазвир дар мебояд омад. Фармуд, то дар зери хати эшон навиштанд, ки мардонагиву фарзонагии шуморо донистем ва якдилу якҷиҳатии шуморо бо якдигар маълум кардем. Фард:

Дар ҷигардориву сарбозӣ шуморо мисл нест,
Бар чунин мардони якдил офарин бод, офарин!

Ҳоло аз ҳарчи рафт, пушаймонем ва ба мақоми узрхоҳӣ даромада дар садади тарбият ва тақвияти эшонем ва ҳозирони маҷлис аз ин сухан мутааҷҷиб шуданд ва ӯ дар таърифу тавсифи авбошу риндон машғул шуд ва даст аз ҳабсу қайду қатли эшон кӯтоҳ кард. Дигар рӯз аъёну ашрофи шаҳр наздики вай омада хостанд, ки дар боби авбош сухан гӯянд, ӯ бар эшон сабқат гирифта фармуд, ки эй азизон, мо аз куштани он ҷавонон пушаймонем ва бағоят ҳайф аст мардуми далеру чолокро куштан, чӣ дар ҳар қарн аз ин тоифаанд, ки пайдо мешаванд ва ман ба эшон мӯҳтоҷам, ки аҳли қалъаи Рум ёғӣ шудаанд ва маро дар дафъи эшон мардони корӣ мебояд. Шумо агар ҳаводори манед, ҷамоате, ки пешвои сарони ин қавманд ба назди ман оред, то ба назари тарбият маҳфуз созам. Назм:

пешина
аз 242
навбатӣ