Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҳикоят. Яке аз Ҳотам пурсид, кӣ осоиши дунё кӣ дорад? Гуфт: «Он кас, кӣ дунё аз ӯ осоиш дорад». Боз савол карданд, кӣ дар ҷаҳон роҳати бе ранҷ, кӣ дорад? Ҷавоб дод: «Он кас кӣ ранҷи дарвеш ба роҳат мубаддал созад». Рубоӣ:
Дар ҳашмат агар Хусраву гар Доройӣ,
Бе роҳати халқ то даме нанамоӣ.
Вар бо ҳама айбҳо каримосойӣ,
Айбат ҳунарастасту зишти ту зебойӣ.
Ҳотамро гуфтанд: «Дар миёни араб молдортар аз ту бисёранд ва дар атрофу ҷавониби ҷаҳон каримон ва ҷавонмардон бе ҳадду шуморанд, чаро аз миёни ҳама қуръаи шӯҳрат ба коми ту баромада ва ба сифати ҷуду карам назди Арабу Аҷам машҳур шудаӣ?»
Ҷавоб дод, кӣ ман ду кор кардам, кӣ дигарон аз ӯ ғофил буданд, ё бар эшон равшан буд ва аз он тағофул менамуданд: Яке, он кӣ ҳеҷ соилро интизор надодам ва бе ваъдаи имрӯзу фардо мақсуде, кӣ дошт дар канараш ниҳодам. Қитъа:
Чун азизе зи ту суол кунад,
Зинҳораш ба манъ хор макун.
Вар нахоҳад шуд аз ту корат рост
Ба дурӯғаш умедвор макун.
Дуюм он, кӣ ба ҳеҷ ато миннат бар соил нанҳодам, балки худ миннатдор гашта, доди узрхоҳӣ додам ва бо худ тааммул намудам, кӣ агар маро бар ӯ ҳаққӣ инъом лозим шуда, ӯро низ бар ман ҳаққи икроме собит аст. Зеро кӣ ба ман гумони нек бурда ва маро қобили он дониста, кӣ аз ман чизе хоҳад ва ҳаққи икром аз ҳаққи инъом бузургтар аст ва ҳаққи ӯ бар ҳаққи ман собиқ буда. Пас, маро ҳаққи икроми ӯ ба хидмат фурӯ набояд кард. Қитъа:
Дарахти карам ҳар куҷо бех кард,
Гузашт аз фалак шоҳу болои ӯ.
Гар умедворӣ, к-аз ӯ бар хӯрӣ,
Ба миннат манеҳ арра бар пойи ӯ.
Ва Ҳотам ин суханро басе хуб фармудааст, ки миннат аторо ботил гардонад. Чӣ саховат он аст, ки боре аз дили реши дарвеш бардорад. Чун касе бори фақре аз гардани бечорае бардорад ва бори миннат, ки ҳазор бор аз он гаронтар аст, бар гардани вай ниҳод, ҳар оина ҷуди ӯ соилро ҳеҷ фоида надиҳад, балки чунон бошад, ки гоҳе бардорад ва гоҳе ба ҷои ӯ боз орад ва соҳиби «Субҳат-ул-аброр» (Абдураҳмони Ҷомӣ) бад-ин маъни ишорате фармудаанд.
Маснавӣ:
Бори фақр ар фиканӣ аз як поя,
Бори миннат манеҳаш бар гардан,
Кӯҳе аз фақр агар ояд пеш,
Кӯҳе аз миннат аз он бошад беш.
Чун ато бахши худо омаду бас,
Беҳ, ки доно наниҳад миннати кас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор