Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз суханони Ҳотам аст, ки дӯсти гадо мадор, ки зиён кунӣ ва аммо гадой дӯст дор, ки судманд шавӣ ва ин масал аз они ӯст, ки «ал-самоҳа арбоҳ» ҷавонмардӣ ҳама суд аст ҳар давлатеро, ки рӯй бад-он оранд ва ҳар саодате, ки ӯро матбахи назар доранд аз ҷоҳу мол ва давлати иқболу зикри ҷамол ва номи некӯ ба ҷавонмардӣ ҳосил ояд. Маснавӣ:
Ҷавонмард маҳбуби ҷону дил аст,
Сафои дилу ҷон аз он ҳосил аст.
Шароби тараб ҷуръаи ҷоми ӯст,
Нишони вафо низ бар номи ӯст.
Ҷавонмард агар рост пурсӣ, валист,
Карампешаи шоҳи мардон Алист.

Ҳотамро аз бисёрии карам маломат карданд, бад-ин иборат сарзаниш ишорат намудаанд: «Ло хайр фи ас-сарф». Яъне ҳеҷ хайр нест дар исроф кардан. Ҳотам филҳол калимоти эшонро мақлуб фармуд, ки «ло сарф фи ал-хайр». Яъне ҳеҷ исрофе нест дар хайр кардан. Мақсуд он аст, ки ҳарчанд дар хайр ихроҷ кунанд он исроф нест, балки исроф он бошад, ки харҷ на дар хайр воқеъ шавад.
Қитъа:
Агар касе ба ризои худои аззаву ҷалл ҳазор бадра бибахшад, ҳанӯз кам бошад.
Ва агар барои ҳаво ним донг харҷ кунад, яқин бидон, ки ба исроф муттаҳам бошад.

Аз Ҳотам савол карданд, ки карам чист? Гуфт: «Базли ҳарчи бошад, барои ҳар ки бошад». Гуфтанд: «Ту аз худ каримтар дидаӣ?» Гуфт: «Оре, вақте танҳо дар бодия роҳ мерафтам ва гумони ман он буд, ки ҳам аввали рӯз ба мақсад хоҳам расид. Алкисса, вусули ман бад-он манзил ва нузули ман бад-он мавзеъ муяссар нашуд ва нияти аъозим (муҳим) иртифоъ пазируфт. Ҳаво аз тоби офтоб чун кӯраи оҳангарон оташбор гашту замин аз таъсири ҳарорат намуда, кӯраи асир шуд.

Маснавӣ:
Шудӣ хун аз ҳарорат дар бадан хушк,
Чу дар нофи ғизолон нофаи мушк.
Садафро дар миёни баҳри захҳер,
Гуҳар дар сина ҳамчун донаи нор.

Ҳарорат бар ман ғалаба карда, паноҳе меҷустам ва маркаб аз ҳар тараф мерондам. Ногоҳ дар паси пуштае хаймаи куҳнае дидам зада ва гӯсфанде дар паси хайма баста, чун бирасидам ва овози сӯми маркаби ман ба гӯши аҳли хайма расид, пиразане берун омад ва истиқбол намуда, садои марҳабову аҳлан баркашид ва инони маркаби ман гирифта, ба тозарӯйии тамоми илтимоси нузул кард, асари сидқи даъвати ӯ бар дили ман зоҳир шуд. Мултамисро иҷобат намудам ва ба хонаи ӯ фуруд омадам. Ҳанӯз ҷойи қарори ман мукаррар нашуда буд, ки писари зан биёмад ва башошати (шодӣ) ҳарчи тамомитар моро пурсид ва мазмуни ин байт соат ба соат такрор менамуд.

пешина
аз 242
навбатӣ