Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Вақте ки Баҳромҷон аз хондан монда ё берун рафтанӣ мешуд, ӯро иваз мекардам…
Ҳамин тавр, дар муддати тӯлонӣ чандин китобҳо (достону романҳо) яке паси дигар хонда шуданд. Баҳромҷон ҳам ба «касалӣ»-и доимии китобхонӣ гирифтор шуд, ки то охири умраш давом кард. Яъне устод Наимов ӯро ба ин «касалӣ» гирифтор карда буданд.
Одати дигари аҷиби шодравон Баҳромҷон (ҷояш ҷаннат боду арвоҳаш шоду мададгори пайвандон) ин буд, ки ягон достон ва ё романи нави хондаашро хеле ба тафсил, бо ҳиссиёти аҷиби ба худ хос нақл мекард ва аз нақли басе ширадораш лаззат мебурдем. Боз таъкид мекард, ки мазмуни ин китобро шунидан кам, онро хондан даркор, хондан…
Солҳо мегузаштанд бо шитоб,
Бо қаламу дафтару бо китоб.
Се соли таҳсил ба охир расида мо донишҷӯи соли чор гардидем. Дар ин солҳо тавассути дарсҳои устодону худомӯзӣ ҳамсабақони мо хеле тағйир ёфта, ба камолот расиданд. ҳамаи рустоиҳои дирӯзакак ба омӯзишгоҳ омада, чи аз ҷиҳати ҷисмонӣ, чи аз ҷиҳати ақлонӣ ба куллӣ тағйир ёфта буданд. Дар ин таҳаввулу тағйирот заҳмати устодони соҳибэҳтирому икроми мо кам набуд. Устод Валихӯҷаев аз фанни математика, Муллоқандов аз фанни физика, Қурбонов аз фанни биология, Мӯҳтарамов аз фанни ҷуғрофия, Солиев аз фанни забону Наимов аз адабиёти тоҷик, М.А Хамперова аз фанни забону адабиёти рус (рӯҳашон шод бод онҳое, ки дар қайди ҳаёт нестанд) дарс мегуфтанд, ки ҳар кадомашон шахсиятҳои комил буданд. Ва ба ғайр аз таълими ҳаматарафаи фанни худ онҳо ба мо дарси одаму одамгариро меомӯзониданд…
Дар халқият мегӯянд, ки то фарзандор нашавӣ, ба қадри падару модар намерасӣ, ки ҳақ асту рост. Ба фикри ман, то муаллим, омӯзгор нашавӣ ба қадри муаллимат, устодат намерасӣ, хусусан заҳмату меҳнат ва тоқаташро дар тарбияи ҳар кадоме аз шогирдон ҳис намекунӣ …
Ба мо донишҷӯён дар чор соли таҳсил аз забони русиву адабиёти рус зани ниҳоят ҳалиму меҳрубон, ширинзабону ширинмуомила, устоди азиз М. А Хамперова. дарс мегуфт.
Ман ба ин бонуи меҳрубон эҳтироми вижа дорам. Ба мо донишҷӯёни аз ноҳияҳои тоҷикнишини гирду атрофи Самарқанд , ки бинобар набудани муаллими забони русӣ дар мактабҳо онро намедонистем, бо чӣ мушкиливу машаққат дарс мегузашт. Забон меомӯзонд ва ҳеч боре сухани тунде нагуфта. Натиҷааш чунин буд, ки мо дар соли охир ба забони русӣ озод ҳарф мезадем. Дар бораи ҳар кадоме аз адибони маъруфи рус маълумоти зарурӣ пайдо кардем, ки дар ин ҷода низ Баҳромҷон пешсаф буд. Аз эҷодиёти адибони рус пурра огоҳ гардида, асарҳои зиёдашонро мутолиа кард. Ба гумонам, дар китобхонаи омӯзишгоҳ асаре намонд, ки Баҳромҷон нахонда бошад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор