Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аксари адабиётшиносон бар ин ақидаанд, ки такрори тавҷеҳ дар қофияҳои муқайяд (қофияҳое, ки дар онҳо ҳарфи равӣ бо васл начаспидааст) ҳатмӣ, вале дар қофияҳои мутлақ (қофияҳое,ки дар онҳо ҳарфи равӣ ба васл пайваст шудааст) шарт намедонанд. Мисол:

Ба ғайри рӯйи ту манзил надорам,

Ба ғайри ишқи ту ҳосил надорам.

Чӣ сон бар дигаре дил месупорам,

«Ки ман дар синаам ду дил надорам» [10, 17].

Мафоӣлун/мафоӣлун/фаълун

Дар дубайтии боло калимаҳои «манзил», «ҳосил» ва «ду дил» қофия буда, ҷузъи «ил»-и ҳар се калима решаи қофия шуморида мешавад, ҳарфи «л» равии муқайяд ва ҳарфи «и», ки пеш аз равии муқайяд омадааст, тавҷеҳ мебошад. Дар ин се калимаи қофия тавҷеҳ такрор шуда, ба гурӯҳи қофияҳои муқайяд дохил мешавад.

Маҳорати Ҳақназар Ғоиб дар он аст, ки шоир мазмунҳои олиро бо обу ранги бадеӣ равон ба қалам меорад.

Ба тифлии надида навҷавонӣ гиряму гирям,

Ба ёди рафтагони ормонӣ гиряму гирям.

Ба мушкилоти роҳи зиндагонӣ гиряам н-ояд,

Ба роҳе, ки барад бар бенишонӣ, гиряму гирям [8, 134].

Дар ин шеъри шоир таркиби «гиряму гирям» хабари ҷумлаҳо ва радифи шеър аст. Такрори як калима аз дилбазан шуданро барканор кардааст. Аскар Ҳаким қайд кардааст; – ки «радиф дар шеър ба ғайр аз вазифаи эстетики худ, яъне хушовоз кардани шеър таъмини ҳамоҳангии мисраъҳо, боз барои ифодаи ҷилваҳои маънавӣ ва лафзии калимаҳо қодир будааст» [136. 195].

Ё дар шеъри «Модар» таркиби «ман рафт зи ман» низ радиф шуда, оҳанги асосии он шудааст:

Модар, бо ту сафои ман рафт зи ман,

Фасли гули бебаҳои ман рафт зи ман.

То будани ту ҷавон будам дар дунё,

Рафтию ҷавониҳои ман рафт зи ман [8, 136].

Дар байти зерин ҳам «дидам» чун радиф омада, шоир дар роҳи ишқ устувор будани қаҳрамони лирикиро моҳирона тасвир кардааст.

Ба роҳи ишқ худ сармаст дидам,

Ба сад сози ҷунун пайваст дидам.

Баландӣ ёфтам дар ишқ ҳар ҷо,

Вале бе ишқ худро паст дидам [14, 9].

Хулоса, қофия ва комбинатсияҳои гуногуни он хусусан дар шеърҳои Ҳақназар Ғоиб ба тарзҳои гуногун дида шуда, аз қофияҳои классикии форсу тоҷик сарчашма гирифтааст. Ҳақназар Ғоиб аз бисёр шаклҳои қофия ва жанрҳои назми устодони сухан истифода карда, дар пайравии онҳо суханҳои пурҳикмат гуфтааст. Ӯ шаклҳои ифодаи қофиясозӣ ва қофиябандиро ба ном қабул накарда, балки аз сари нав кор карда, ба ифодаи мантиқии назми худ созвор кардааст. Бештари қофиябандии шеърҳои Ҳақназар Ғоиб дар асоси назми анъанавӣ, хусусан дар асоси комбинатсияҳои қофиябандии рубоию дубайтӣ, ғазал ва дигар жанрҳо, инчунин шеъри нимоӣ ба вуҷуд омадаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ