Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳикояҳое, ки асосан аз забони ровӣ нақл мешаванд ва воқеият дар пасманзари таҳкия қарор мегирад. Дар баробари ин ҷо – ҷо муколамаи қаҳрамонон дида мешавад.

  2. Ҳикоя – монолог. Ин гуна офаридаҳои бадеӣ бештар аз хаёлоту андешаҳои қаҳрамон ё ровӣ таркиб ёфтаанд.

  3. Ҳикоёте, ки дар онҳо муколамаи персонажҳо назар ба монолог, руҷӯъҳои лирикӣ ва манзарапардозӣ бартарӣ дорад.

  4. Ҳикояҳое, ки дар онҳо рамзгароӣ моҳияти воқеа ё зуҳуроти иҷтимоиро ифода кардааст.

Жанри дуюми эҷодиёти адиб повест мебошад. Повести аввалини Сорбон «Занги аввал» (1970) ном дошта, минбаъд осори дар ин қолаби адабӣ эҷодкардаи нависанда, мисли «Санги сипар» (1972), «Ҷӯгӣ» (1973), «Буд, набуд» (1975), «Шинел» (дар «Куллиёт»-и Сорбон «Шинели падар» унвон гирифтааст- Қ.Д.) (1978), «Сабо» (1980), «Қумрӣ» (1986), «Дашти морон» (1987), «Чархи эҳтиётӣ» (1987) ва «Шерпаланг» (2012) ба табъ расиданд. Қиссаҳои хурди нависанда дар маҷмӯаҳои «Пиндор» (1995) ва «Марди танҳо» (2003) фароҳам омадаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки аксари повестҳои Сорбон дар замони шӯравӣ навишта шуданд ва мавзӯи онҳо низ ба дарунмояи ҳамон муҳит, меъёрҳову қонунмандиҳои иҷтимоии он даврон марбут аст. Нишонаҳо ва вижагиҳои повестҳои нависанда ва мақсадҳои эҷодии ӯ дар нуктаҳои зайл ифода меёбанд:

  1. Тасвири рӯзгори мардуми тоҷик дар рӯбарӯи ҳодисаҳои муҳими садаи XX, амсоли босмачигарӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳаракати оммавии ташкили колхозҳо ва дигар падидаҳои иҷтимоию сиёсӣ.

  2. Офаридани образи зани тоҷик ва тасвири намунаҳои ҷолиби сарнавишти ӯ, нигориши ранҷу маҳрумиятҳое, ки бар асари таассуб бар анъанаҳо, хурофот ва дин бар сари ӯ омадаанд.

  3. Пайванди зотии мардуми кӯҳистони тоҷик ба меҳнат, заҳматписандӣ, садоқатмандии онҳо ба давлату ҳукумат ва нишондодҳои низоми сиёсии ҳоким.

  4. Нигориши аркону меъёрҳои ахлоқу маниши нек, муҳаббату садоқат, ростию покӣ, тарғиби арзишҳои олии инсонӣ.

  5. Муаррифию бозтоби чеҳраҳои манфуру разил, ки дар ҳар марҳалаи ҳаёти иҷтимоӣ бо рангу сурат ва ҳадафу мавқеъгирии хос тазоҳур менамоянд. Сорбон кӯшидааст, ки симои миллӣ доштани персонажҳои манфӣ, зери таъсири омилҳои маҳаллӣ қарор гирифтани онҳо ва ниҳоят дар заминаи зуҳуроти нави иҷтимоию сиёсӣ шикаст хӯрдани чунин шахсиятҳоро дар перояи бадеият тасвир созад.

пешина
аз 24
навбатӣ