Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ба ман гуфт он сухандони хирадманд,
Бигӯям бо ту, бишнав нуктае чанд.
«Накӯ кун гӯш, дор ин нуктаро пос,
Ки ҳастанд аҳли дунё ҷамъи каннос…
Зи канносон тамаъ кардан чӣ дунист,
Зи мӯрон дона ҷустан аз забунист.
Ба гуфтугӯи дунон лаб маёлой,
Ба мадҳу заммашон хотир мафарсой.
Набошад аз тариқи арҷмандӣ,
Ки бар афсори хар таъвиз бандӣ.
На аз ақл аст бокир нукта гуфтан
Зи баҳри гӯши хар дурдона суфтан…
Зи баҳри нафси ноҳинҷори худрой
Макун дар маҳфили ҳар бебасар ҷой.
Надонад кӯр қадри рӯи зебо,
Нагардад аз рухи зебо шикебо…
Хато бошад зи баҳри иститоат
Ба оби новдон кардан зироат.
Чу натвонад касе аз қудрати хеш
Кунад як ҷав зи ризқи ту каму беш.
Чаро дунболи кас бояд давидан,
Зи баҳри ҳеҷ аз ӯ миннат кашидан?..
Туро зери нигин ганҷи маонӣ,
Чӣ менолӣ зи ранҷи зиндагонӣ?
Забони хомаро кун дар сухан тез,
Гуҳар рез аз сари килки гуҳаррез…
Сухан нодир матоъе омад аз арш,
Макун дар зери пои ин хасон фарш».19
Ҳар дуро на танҳо аҳли илму адаб, балки риҷоли давлату амирону амирзодагону ҳокимони давлати Темуриён, аз ҷумла Ҳусайни Мирзо ва Алишери Навоӣ иззату икром мекарданд. Дар тазкираи «Майхона» чунин омадааст: «Абдуллоҳ ҳар бор, ки аз Ҷом ба Ҳирот меомад, султон Ҳусайни Мирзо ва мир Алишери Навоӣ, ки вазири аъзам ва сипаҳсолори эшон буда, иззати бисёре Ҳотифиро мекарданд».20 Манзили ҳар ду ҷои ҷамъшавии аҳли илму адаб, завқу тараби хоссу ом, амирону ҳокимон буд. Пайваста дар маскани эшон маҷлиси шеъру суруд, баҳсу мунозираҳои адабӣ сурат мегирифт…
Маълум аст, ки Ҳотифӣ, ки шоҳиди бевоситаи ҷангу ҷидол ва тохтутозҳои хонадонҳои Темуриёну Шайбониҳову Сафавиён ва шоҳиди даргириҳои мазҳабӣ дар шаҳри Ҳирот буд, дар осеб надидани ҷасади Ҷомӣ, ки шоҳи мутаассиб ва шиамазҳаб Исмоили Сафавӣ ба вайрон кардани қабри ӯ фармон дода буд, ҳамчун хешу ҳаводору шогирди бовафо хидмати бузург кардааст. Воқеан, ӯ бо ҳамроҳии писари шоир-Зиёуддин Юсуф, ки аз қасди бади шоҳ хабардор шуда буд, ҷасади Ҷомиро шабона аз гӯр гирифта ба ҷои дигар интиқол медиҳад. Гумоштагони шоҳ қабри беҷасадро оташ мезананд ва нобуд мекунанд. Гузашта аз ин, шоҳ Исмоили Сафавӣ фармон медиҳад, ки ҳар ҷо номи Ҷомӣ дар китобҳо ба чашм расад, нуктаи ҷимро тоза карда, онро ба болои ин ҳарф гузоранд, то ки «Хомӣ» шавад. Албатта, баъзеҳо аз пайи иҷрои ин амр мешаванд. Аммо Ҳотифӣ аз ин ҳол огоҳ шуда, ин қитъаро эҷод мекунад ва онро ҳамроҳ бо девони худ ба Исмоили Сафавӣ мефиристад ва бад-ин тартиб аз ҳаракати душманонаи эшон бар зидди Ҷомӣ ҷилавгирӣ менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор