Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бас аҷаб дорам зи инсофи шаҳи кишваркушо,
Он ки умре бар дараш гардун ғуломӣ кардааст.
Аз барои хотири ҷамъе лаванди нотарош
Нуктаи Ҷомӣ тарошидасту хомӣ кардааст.21

Тавре ки мебинем, Ҳотифӣ хидматҳои бузурги Ҷомиро, ки барои ӯ кардааст, то ҷое ки тавонистааст, бе подош намондааст, балки ба ҳар васила аз ӯ ҳимояту қадрдонӣ ва тамҷиду таъриф намуда, ӯро ҳамчун устоди мусаллам мавриди эътирофу эҳтиром қарор додааст ва худро ҳамчун шогирди қадрдон ба устод ба намоиш гузоштааст. Аммо муносибати Ҷомӣ бо Ҳотифӣ бо ин зикри хешу таборӣ, устодию шогирдӣ, тамҷиду ситоишҳо аз ӯ, ҳимоят аз ҳасудону душманони Ҷомӣ, ки мо ба иҷмол сухан гуфтем, тамом намешавад, зеро Ҳотифӣ на танҳо аз раҳнамоию маслиҳатҳои судманди Ҷомӣ, балки аз афкору андеша, мазмуну муҳтаво ва ғояи осори ӯ низ ҳамвора мустафид будааст ва таъсир бардоштааст. Хусусан, аз ғазалиёт ва маснавиҳои ӯ хеле зиёд суд гирифтааст. Аз ин рӯ, дар бораи таассури Ҳотифӣ аз Ҷомӣ устод Аълохон Афсаҳзод дар китоби «Ҷомӣ-шоири ғазалсаро» маълумоти нисбатан кӯтоҳ, аммо муфид медиҳад, ки нақли мухтасари он дар ин маврид бе ҷо нахоҳад буд. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст: «Аз 110 ғазали дастрасшудаи Ҳотифӣ, беш аз бистояш дар вазну қофия ва гоҳе дар радиф ҳам бо ғазалҳои Ҷомӣ як аст… Дар «Радоиф-ул-ашъор»-и Фахрии Ҳиравӣ як ғазали Ҳотифӣ дар қатори 7 ғазали дигар (Мағрибӣ, Қосимуланвор, Исмат, Ҷомӣ, муаллифи номаълум, Биноӣ ва худи Фахрӣ) чун ҷавоби ғазалҳои Ҳофиз оварда мешавад, ки вазнаш дигар аст. Матлаи ғазалҳои Ҳофиз, Ҷомӣ ва Ҳотифӣ чунинанд:

Ҳофиз:
Агар шароб хурӣ, ҷуръае фишон бар хок,
Аз он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр, чӣ бок?
Ҷомӣ:
Ба ҷавҳари маи рахшон, ки аз зуҷоҷаи пок
Чароғи айш фурӯзад дар ин сарочаи хок.
Ҳотифӣ:
Гар ман асири хоки дари ӯ шудам, чӣ бок?
Ҳар кас, ки ҳаст, мешавад охир асири хок…

Ҳотифӣ дар мавридҳои дигар ба ғазалҳои бикри Ҷомӣ мустақиман ҷавоб навиштааст. Абдураҳмони Ҷомӣ ғазале дорад, ки ба он шоирони зиёде назира гуфтаанд. Аз ҷумла Фахрии Ҳиротӣ дар «Радоиф-ул-ашъор»-и худ ҷавобҳои Тӯсӣ, Ҳилолӣ, Мир Ҳодии Машҳадӣ, худи Фахрӣ ва Ҳайдари Кулучро дарҷ кардааст. Ба он ғазал Ҳотифӣ низ ҷавобе навиштааст, ки қаробати онҳоро бо як хондан пай бурдан душвор нест:

пешина
аз 86
навбатӣ