Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷомӣ:
Чу турки саркаши ман пой дар рикоб кунад,
Карашма бар маҳу ҷавлон бар офтоб кунад.
Фарози хонаи зин ҷо накарда гарм ҳанӯз
Ҳазор хонаи сабру хирад хароб кунад.
Чӣ гуна лаззати теғаш чашам, ки дар дами қатл
Зи ҳалқи ташна гузар тезтар зи об кунад.
Ман аз тасаввури нодиданаш ҳамемирам,
Наузубиллаҳ, агар рӯй дар ниқоб кунад.
Хароби шеваи он тундхӯи бадкешам,
Ки гоҳ ишваю гаҳ нозу гаҳ итоб кунад.
Ба бода баҳри ҳарифон чу маҷлис орояд,
Нахуст з-оташи ғайрат дилам кабоб кунад.
Агар ба мартаба Ҷомӣ ба шайхи Ҷом расад,
Куҷо ба даври лабаш тавба аз шароб кунад?!
Ҳотифӣ:
Чу бе лаби ту дил андешаи шароб кунад,
Зи сина оҳ барояд, ки дил кабоб кунад.
Бирехт чашми ту хунам ба соғару аз маст
Аҷаб мадор, ки хун дар сари шароб кунад.
Харобу хастаи онам, ки ӯ ба теғи чу об
Илоҷи дарди мани хастаи хароб кунад.
Зи фикри зулфи ту дилрост чашми хоб, аммо
Шабе чунину балое аҷаб, ки хоб кунад.
Ба Ҳотифӣ зи ғами лаълат он кунад бода,
Ки бо даруни дили хаста офтоб кунад.

Аз худи калимаҳои ба зерашон хат кашида то чӣ андоза аз масолеҳи ғазали Ҷомӣ дар ғазали Ҳотифӣ истифода шудан ошкор аст. Аз ин рӯ, дар ин бора таваққуф намекунем. Аммо агар ба динамикаи инкишофи воқеа дар ин ғазалҳо диққат гуморем, аён мегардад, ки ғазали Ҷомӣ аз ҷиҳати сужет ба се бахш ҷудо мешавад: ҳолати ёр, вазъи ошиқ ҳангоми наззораи ӯ ва хулосаи шоир-қаҳрамони лирикӣ. Ғазали Ҳотифӣ фақат як масъала, вазъи ошиқ-шоирро дар дурӣ аз маъшуқ ифода менамояд. Ҷавобҳои дигари Ҳотифӣ ба ғазалҳои Ҷомӣ низ тақрибан ҳамин навъанд».22

Албатта, Ҳотифӣ танҳо аз ғазалҳои Ҷомӣ таъсир напазируфтааст, балки аз маснавиҳояш низ суд бардоштааст. Мо судҷӯӣ ва пайравиҳои ӯро ҳам дар достони «Лайлию Маҷнун», ҳам «Ширину Хусрав», ҳам «Ҳафт манзар» ва ҳам «Темурнома»-ю ҳам «Шарафнома»-и нотамомаш бармало боздид менамоем. Инак, чанд намуна аз таассури Ҳотифӣ аз Ҷомӣ, ки барои хонандагон пешкаш мекунем:

Аз Ҷомӣ:
Чӣ хуш вақтею хуррам рӯзгоре,
Ки ёре бархӯрад аз васли ёре.23
Аз Ҳотифӣ:
Аз он беҳтар набошад ҳеҷ коре,
Ки ёре коми дил ёбад зи ёре.24
Аз Ҷомӣ:
Ба ман тафвиз кун тадбири ин кор,
Ки н-ояд дигаре чун ман падидор.25
Аз Ҳотифӣ:
Гуфт: ин кор аз ман ояду бас,
Ҷуз ман ин кор кас надонаду бас.26
Аз Ҷомӣ:
Бувад қурби салотин оташи тез,
Аз он оташ ба сони дуд бигрез.
Чу оташ барафрӯзад машъали нур,
Аз он мегир баҳра, лекин аз дур.
Аз он тарсам, ки чун наздик ронӣ,
Зи нури зиндагӣ торик монӣ.27
Аз Ҳотифӣ:
Даҳани подшоҳ гоҳи хитоб
Нимае оташ асту нимае об.
Пеши шоҳон сухан далер хатост,
Лаҳв кардан ба назди шер хатост.28
Аз Ҷомӣ:
Шуд аз хотири софаш инсофдеҳ,
Ки аз ҳар чӣ ҷӯяд шаҳ, инсоф беҳ.29
Аз Ҳотифӣ:
Он ки инсоф нест оинаш,
Рӯй бартоб аз ӯю кам бинаш.30

пешина
аз 86
навбатӣ