Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз Ҷомӣ:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.31
Аз Ҳотифӣ:
Дар ин гунбадсарои ҳуққамонанд,
Набошад ҳеҷ нақде беҳ зи фарзанд.
Ғараз ин будаш аз фарзанд пайваст,
Ки номи ӯ нагардад дар ҷаҳон паст…32
Аз Ҷомӣ:
Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст,
Ба иқлими ҷонҳо фуруд омадаст.33
Аз Ҳотифӣ:
Сухан нодир матое омад аз арш,
Макун дар зери пои ин хасон фарш.34
Аз Ҷомӣ:
Макун ҳамнишинӣ ба ҳар бадсиришт,
Ки дуздад аз ӯ табъи ту хӯи зишт.35
Аз Ҳотифӣ:
Ҳамнишинӣ макун ба ҳар бадкеш,
Манишин ҷуз ба ҳар ду зонуи хеш.36

Ҳамин тариқ, Ҳотифӣ на танҳо ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш ҳамчун хешу шогирд ҳамеша ҳамроҳи Ҷомӣ ва дар паҳлӯи ӯ буд, балки баъд аз маргаш низ аз ӯ дур нашуд ва дар паҳлӯи қабри (мақбараи) ӯ ба хоби абадӣ рафт ва мисли вай умри ҷовидонӣ пайдо кард. Ба қавли шоир:

Хурраму осуда бод ин ҳамравонӣ,
Хурраму поянда бод ин ҳамзабонӣ!..37

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Аълохон Афсаҳзод. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XV. Душанбе, 1987, с. 222.
  2. Абдуллоҳи Кобулӣ. Тазкират-ут-таворих, дастхати рақами 2093,захираи даснависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, 167а.
  3. Соммирзои Сафавӣ. Тӯҳфаи Сомӣ. Теҳрон, 1389, с. 140.
  4. Ҳамон ҷо, ҳамон с.
  5. Носири Хусрав. Куллиёт, Девони ашъор, ҷ. 1, Душанбе, Эр-граф, 2003, с. 88.
  6. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар. Душанбе, Дониш, 1976, с. 7-8.
  7. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ширин ва Хусрав. Душанбе, Ирфон, 1976, с. 104-105.
  8. Соммирзои Сафавӣ. Тӯҳфаи Сомӣ, с. 140.
  9. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар, с. 11.
  10. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ширин ва Хусрав, с. 5.
  11. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, 1988, с. 257.
  12. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Темурнома. Ҳинд, Невалкушур, 1988, с. 257.
  13. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1987, с. 27-29.
  14. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар, с. 11-12.
  15. Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, Теҳрон, 1388, с. 183.
  16. Ҳамон ҷо, с. 184.
  17. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 143.
  18. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ширин ва Хусрав, с. 105.
  19. Ҳамон ҷо, с. 6-8.
  20. Абдуннабӣ Фаррухзамонии Қазвинӣ. Тазкираи Майхона. Теҳрон, 1390, с. 112.
  21. Алиасғари Ҳикмат. Ҷомӣ. Теҳрон, 1320, с. 52.
  22. Ҷомӣ-шоири ғазалсаро. Душанбе, Маориф, 1989, с. 236-238.
  23. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 230.
  24. Абдуллоҳи Ҳотифӣ.-Гулшани адаб, ҷ. 4, Душанбе, Ирфон, 1977, с. 59.
  25. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 330.
  26. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар, с. 51.
  27. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 374.
  28. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар, с. 17.
  29. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, с. 330.
  30. Абдуллоҳи Ҳотифӣ.-Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 64.
  31. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1987, с. 184.
  32. Абдуллоҳи Ҳотифӣ.-Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 33.
  33. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 255.
  34. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ширин ва Хусрав, с. 8.
  35. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 285.
  36. Абдуллоҳи Ҳотифӣ. Ҳафт манзар, с. 9.
  37. Бозор Собир. Бо чамидан, бо чашидан…Душанбе, Адиб, 1987, с. 179.
пешина
аз 86
навбатӣ