Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҶОМӢ ВА ОСАФӢ

Дур суфт ба васфи гуҳари ашки ту Ҷомӣ,
З-ин сон сухани поку равон кас нашунида.
Ҷомӣ

Қариб тамоми сарчашмаҳои адабӣ ва муҳаққиқони таърихи адабиёт Осафии Ҳиравиро, ки аз шоирони номдори нимаи дувуми асри XV ба ҳисоб меравад, аз шогирдони мумтози Ҷомӣ ва мактаби адабии Ҳирот ба қалам додаанд. Чунончи, Хушгӯ навишта: «Хоҷа Осафӣ шогирди Мавлоно Ҷомӣ аст. Шоирест забардаст ва дар майдони сухан паҳлавонони суханро ба замин меафганад».1

Осафӣ соли 1449 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳамин шаҳр таҳсил ва нашъунамо ёфта, дар андак муддат дар шоирӣ ном баровардааст. Хусусан, аз Навоӣ ва писари султон Ҳусайни Бойқаро-Бадеуззамон Мирзо, ки ҳукмрони Балх буд, навозишҳо дидааст. Марде озодаву озодманиш буда, як умр дур аз тааллуқу тамаъ зистааст. Ба зиёрати Маккаву Мадина низ шарафёб гардидааст. Вафоташ мусодиф ба соли 1517 мебошад. Ба андешаи аҳли тазкира, Осафӣ ду рӯз қабл аз вафоташ ин қитъаро гуфтааст:

Соле, ки рух Осафӣ ба ҳафтод ниҳод,
Ҳафтод тамом карду аз пой фитод.
Шуд дар ҳафтод мисраи таърихаш:
«Паймуд раҳи бақо ба гоми ҳафтод».2

Осафӣ аслан шоири ғазалсарост. Аксари ғазалҳои ӯ ошиқонаанд, аммо бо хаёлоти нозук ва мазомини тоза имтиёз доранд. Соммирзои Сафавирост: «Ӯ ба сафои зеҳни салиму закои табъи мустақим аз шуарои рӯзгор ва фузалои олимиқдор имтиёзи тамом дошт».3 Зоҳиран ғазалҳои ӯ намунаи ибтидоии сабки ҳиндист, ки дар поёни умри сабки ироқӣ худро ба намоиш гузоштаанд. Ба ҳарфи дигар, ғазалҳои вай мисли ғазалҳои Бобо Фиғонӣ ба масобаи пул барои гузаштан аз сабки ироқӣ ба ҳиндӣ хидмат кардаанд. Ин хусусият ва ҳолати ашъораш на танҳо аз назари аҳли тазкира, балки пажӯҳандагони таърихи адабиёт низ пинҳон намондааст. Забеҳуллоҳи Сафо гӯяд: «Аз ӯ девоне муштамил бар ғазалҳои мунтахабу якдаст ва зебо бар ҷой мондааст, ки дорои мазомин ва нуктаҳои борик аст ва бар сари роҳи таҳаввули сабки ғазал аз ироқӣ ба ҳиндӣ қарор дорад ва тақрибан ҳамаи вижагиҳои сабки ҳиндӣ, ҳам аз ҳайси лафзу ҳам аз назари маъно, дар он дида мешавад».4 Дар ҳақиқат, агарчи вай дар иншои ғазал ба Ҳофизу Камол, Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ ва хусусан Ҷомӣ, ки устодаш аст, пайравӣ менамояд, аммо хатти сайри ӯ ба сӯи сабки тоза нигаронида шудааст, сабке, ки бо нозукхаёливу борикандешиву диққату риққат ва тамсил ҳамроҳ аст ва мавсум ба номи сабки ҳиндӣ. Бинобар ин, аз вижагиҳои ибтидоии сабки нав, хусусан лутфу назокати хаёл ва мазмунбофию тозагӯӣ бархурдор будани ғазалиёти ӯро на фақат ҳамзамонони шоир, балки адибону тазкиранигорони баъдина низ таъкид ва тасдиқ намудаанд. Ин маълумотро Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз забони Ҷомӣ, ки дар маҳфиле эрод карда будааст, овардааст: «Акобир ва афозил радифи «сафед» бисёр гуфтаанд, аммо ба латофати ҷавоби Хоҷа Осафӣ ғолибан кас нагуфта ва ин матлаъро хонданд:

пешина
аз 86
навбатӣ