Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
То барафрӯхтаӣ з-оташи май рӯи сафед,
Шамъ пиронасар оташ зада дар мӯи сафед».5
Воқеан, ин ғазали Осафӣ, ки аз панҷ байт иборат мебошад ва мо ҳоло онро пурра иқтибос менамоем:
То барафрӯхтаӣ з-оташи май рӯи сафед,
Шамъ пиронасар оташ зада дар мӯи сафед.
Чашмат оҳуст, вале оҳуи мушкини хито,
Чашми хубони дигар дар ғамат оҳуи сафед.
Медамад субҳ, магар модари айём кушод
Дар вафотам шаби ҳиҷрони ту гесӯи сафед.
Дар шафақ дид маҳи иду ишоратҳо кард,
Пири мо сӯи маи сурх ба абрӯи сафед.
Меравад Осафӣ аз ҳол ба ҳоле, ки туро
Турра чавгони сиёҳ асту зақан гӯи сафед,6
ба шоирони дигар низ мақбулу писанд афтода будааст. Тибқи маълумоти Хушгӯ, «Мирзо Бедил бар ин ду байти ӯ бисёр маҳзуз буданд ва фақир Хушгӯ ҳозир будам, ки мукаррар мефармуданд, ки байти охирин қиёмат аст:
То барафрӯхтаӣ з-оташи май рӯи сафед,
Шамъ пиронасар оташ зада бар мӯи сафед.
Дар шафақ дид маҳи иду ишоратҳо кард,
Пири мо сӯи маи сурх ба абрӯи сафед».7
Бояд гуфт, ки Осафӣ агарчи аз «сӯзи Хусрав, нозукиҳои Ҳасан» дар ғазалиёти худ сухан мегӯяд:
Зи хубон гуфтаҳои Осафӣ ҳоле дигар дорад,
Ки ӯро сӯзи Хусрав, нозукиҳои Ҳасан дидам,8
аммо таъсири ғазалҳои устодаш Ҷомӣ дар осори ӯ беш аз соирин аст. Ба заъми Ҳодӣ Арфаъ, ношири девони Осафӣ, 42 ғазали Осафӣ дар пайравию татаббӯи Ҷомӣ иншо шудаанд. Ба ин намунаҳо мутаваҷҷеҳ шавед:
Соқӣ, биёр бода, деҳ акнун, ки фурсат аст,
Мутриб, бизан тарона, ки фурсат ғанимат аст.
Чашмам ба рӯи шоҳиду гӯшам ба бонги чанг,
Эй пандгӯ, бирав, ки на ҷои насиҳат аст.
Ҷони маро зи марҳами роҳат нишон мапурс,
К-аз ошиқӣ насибаи ӯ доғи меҳнат аст.
Пайкони обдор, ки ояд зи дасти дӯст
Бар ошиқони сӯхта борони раҳмат аст.
З-он дам, ки сар фиганд бар он остон маро,
Бар гарданам зи теғи ту сад бори миннат аст.
Ҳар сифла пай ба ганҷи қаноат куҷо барад,
Ин нақд дар хазонаи арбоби ҳиммат аст.
З-абнои даҳр вақти касе хуш намешавад,
Хушвақт он ки муътакифи кунҷи узлат аст.
Ҷомӣ, ба ҷустуҷӯ натавон васли дӯст ёфт,
Мавқуфи вақт бош, ки ин кори давлат аст.9
Ҷомӣ
Санге, ки бар мазори асирони меҳнат аст,
Бар сина ёдгори бутони кӯҳи ҳасрат аст.
Ҳар гаҳ ба хотирам гузарад сурати рухат,
Бехуд шавам зи гиря, надонам, чӣ сурат аст.
Бар хоки ошиқон нашукуфтаст шохи гул,
Гил гул зи хуни кушта аламҳои турбат аст.
Хоби аҷал зи дасти фироқам наҷот дод,
Чун хаста хоб меравад, уммеди сиҳҳат аст.
Эй оразат баҳору хатат абри навбаҳор,
Бар мо сиришки абри ту борони раҳмат аст.
Ҷоме ба ёди базми ҳарифони рафта нӯш,
Ғофил машав, ки умри гиромӣ ғанимат аст.
Гӯянд, бар рухи ту чӣ ҳайрон шуд Осафӣ,
Дар чашми ӯ намуд парӣ, ҷои ҳайрат аст?10
Осафӣ
Дил хуну ҷон фигору ҷигар решу сина чок,
Ҳам худ бигӯй, чун накашам оҳи дарднок?!
Беморпурсие бикун, эй ёри меҳрубон,
К-афтодаам зи ҳаҷри ту дар бистари ҳалок.
Олуда кард доманам аз хуни дил сиришк,
Воҳасрато, ки хосият ин дод ишқи пок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор