Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Атри кафан зи хоки дарат кардам орзу,
Охир, бибин, ки мебарам ин орзу ба хок.
Бӯят шунида ғунчаву гул ҳам, ки мекунад
Ин ҷома пора-пораву он хирқа чок-чок…
Гуфтам, ки Ҷомӣ аз ғами ишқи ту мурд, гуфт:
«Гар ҳамчу ӯ ҳазор бимирад, маро чӣ бок?».11
Ҷомӣ
Тифле, ки буд орзуи ҷони дарднок,
Дардо, ки рафту мебарам ин орзу ба хок.
Ӯ буд чашми равшану бар хоки ӯ манам
Пири наҳиф чашм фурӯ бурда дар мағок.
Гар дигарон ба хок супоранд хокро,
Мо оқибат ба хок супурдем ҷони пок,
Воҳасрато, даво чӣ кунам, вомусибато,
Гар доштӣ мусибату ҳасрат даво, чӣ бок!
З-ин мотам аст лолаизорони боғро
Рухсори пора-пора, гиребони чок-чок.
Моҳи ман аст Юнуси моҳӣ-гӯр, аз он
Шуд оби дида то ба самак, нола то самок.
Он навбаҳори ҳусн хазон кард, Осафӣ,
Дарде насиб шуд, ки даво нест ҷуз ҳалок.12
Осафӣ

Зимнан бояд гуфт, ки ғазалҳои Осафӣ, ки бо назокати хаёл ва мазмунофаринӣ ҳамроҳанд, барои шоирони сабки ҳиндӣ, ки асосан дар қаламрави нозукхаёливу маъниофаринӣ ҳаракат менамоянд, ҳамчун сармашқи кори эҷодӣ хидмат намудаанд. Аз ин лиҳоз, шоирони ин сабк ғазалҳои ӯро пайравӣ намудаву ба онҳо мухаммас низ бастаанд. Соиб, ки саромади шуарои ин сабк аст, на танҳо ғазалҳои ӯро пайравӣ менамояд, балки мавриди тазмин низ қарор медиҳад:

Ҷавоби он ғазали Осафӣ аст ин, Соиб,
«Замонест, ки ҳар кас бо худ гирифтор аст».13

Сайидо, ки аз равияи содаи сабки ҳиндӣ намояндагӣ мекунад, ба ду ғазали ӯ мухаммас бастааст. Масалан, ба ин ғазали ӯ:

Дар гулистон чун насими ту вазидан гирад,
Чашми наргис ба сари сабза паридан гирад.
Чун рухат ойинаро хирмани оташ созад,
Ҳар тараф сӯхтае оҳ кашидан гирад.
Анбари дида бисӯзам, ки паривор мабод
Бӯи мардум шунавад ёру рамидан гирад.
Беқарорӣ дил аз он зулфи парешон дорад,
Мурғ дар дом чу афтод, тапидан гирад.
Оташи сӯзи ниҳонам шавад он дам равшан,
Ки шаби тираи ғам субҳ дамидан гирад.
Осафӣ, чанд давӣ дар паи он турфа ғизол?!
Кас надидем, ки оҳу ба давидан гирад14

чунин мухаммас бастааст:

Ба чаман гул чу ҳадиси ту шунидан гирад,
Бар сари шох дили ғунча тапидан гирад,
Об чун мавҷ ба ҳар сӯй давидан гирад,
«Дар гулистон чу насими ту вазидан гирад,
Чашми наргис ба сари сабза паридан гирад»…

пешина
аз 86
навбатӣ