Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Сайидо, дар сарат афтода таманнои висол,
Умри худ сарф макун дар пайи ин фикри муҳол,
Бо чунин ҳоли харобу ба қади ҳамчу ҳилол,
«Осафӣ, чанд равӣ дар пайи ин турфа ғизол?
Кас надидем, ки оҳу ба давидан гирад».15

Воқеан, ҳамин гуна ҳиндиёна ҷилва кардани шеъри Осафист, ки бархе аз муҳаққиқон ӯро дар қатори шоирони сабки ҳиндӣ-Урфӣ, Назирӣ, Толиб, Калим, Соиб, ки ашъорашон ба тозагӣ ба муҳити Мовароуннаҳр омадаву нуфуз пайдо карда буданд, ном бурдаанд ва ҳамчун шоири ин сабк муаррифӣ намудаанд. Албатта, ин андеша худ аз худ пайдо нашудааст, балки дар асоси мулоҳиза ва андешаҳои Малеҳои Самарқандӣ, ки дар «Музокир-ул-асҳоб»-и хеш ҷой додааст, ба вуҷуд омадааст, зеро ӯ дар бахши «Мулҳақот» аз ин шоирони навпардоз на фақат ном бурдаву тамҷид намудааст, балки ба осорашон эрод ҳам гирифтааст. Чунончи, вай ба ин байти Осафӣ:

Нест ҳамрозе, ки ҳамчун шишаи соат ба ҳам
Рӯ ба рӯ орему як соат диле холӣ кунем.16

ба ин навъ эрод мегирад ва мегӯяд: «Ин байт аз Хоҷа Осафӣ аст. Мушорилайҳ дар вақти хеш ба хушгӯӣ машҳур буда, чунончи ашъораш аз ашъори муосиронаш мумтоз мебошад. Ва вазирзода буд, ҳамчунин ки Мулло Давлатшоҳ дар ҷамъи худ ёд карда. Махфӣ намонад, ки «кунем» ва «рӯ ба рӯ орем» мушаъир бар ин аст, ки дилро ҳар ду як соат холӣ кунанд, аммо дар шишаҳои соат чунин нест, балки ҳар кадом шиша дар соати ҷудо дил холӣ мекунанд…».17 Рӯи ҳамин асос, Садрӣ Саъдиев дар китоби «Таърихи адабиёти тоҷик дар асри XVII» чунин менависад: «Малеҳо дар мулҳақоти тазкирааш ба тариқи махсус як қатор эродҳои худро ба шеър ва байтҳои ҷудогонаи суханварони забардасти гузашта ва муосираш дарҷ кардааст. Ин шоирон Хоҷа Осафӣ, Нозими Ҳиротӣ, Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Шавкати Бухороӣ, Абӯтолиби Калим, Мирзо Ҷалоли Асир, Низоми Астарободӣ, Носиралии Ҳиндӣ, Масъуди Исфаҳонӣ мебошанд. Чунон ки дида мешавад, қариб ҳамаи ин шоирон, ки дар асрҳои XVI-XVII эҷод кардаанд, саромадон ва намояндагони барҷастаи сабки ҷадиди назм-сабки «ҳиндӣ» мебошанд».18

Мусаллам аст, ки тамсил аз мухтассоти асосии сабки ҳиндӣ аст. Аммо тамсилгароӣ дар осори Ҷомӣ ва шогирди тавонои ӯ Осафӣ низ ба мушоҳида мерасад. Албатта, тамсилҳои эшон билкул дар қаламрави ишқ матраҳ мешаванд (баръакси тамсилҳои шоирони сабки ҳиндӣ, ки фарогири тамоми мавзӯъҳо мебошанд). Бинобар ин, метавон Ҷомӣ, ба вижа Осафиро, ки ба хаёлбофиву тамсилгароӣ низ майл доранд, аз шоирони заминасози сабки ҳиндӣ ба қалам дод. Чунончи:

пешина
аз 86
навбатӣ