Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шуд хароб аз гиряи бисёр чашми ман, бале,
Хонаро офат расад, чун пур шавад борандагӣ.19
Ҷомӣ
Зи кунҷи ғам наравад Осафӣ сӯи гулшан,
Чу булбуле, ки бувад хӯ гирифта, дар қафасе.20
Осафӣ

Дар муқаттаоти Осафӣ низ тамсил ба чашм мерасад. Аз ҷумла дар ин қитъа, ки шоир барои исботи фикраш бедро мисол меорад, ки аз сояаш суд меҷӯянд, аммо мешиканандаш:

Аз ҳар кӣ расад фоидае аҳли замонро,
Подош ҷуз ин нест, ки аз по фиганандаш.
Бар беди гузарҳо равиши роҳравон бин,
К-аз сояи ӯ баҳра баранду шиканандаш.21

Ин фарди Осафӣ бошад, хеле машҳур аст. Лиҳозо, мо онро дар ин мавқеъ бидуни тавзеҳу ташреҳ ба хониш мегирем:

Шуълаем, аммо зи сӯзи дил сияҳпӯшем мо,
Чун чароғи лола месӯзему хомӯшем мо.22

Дар ин замина байти зерини Иқболро, ки дар ҳамин хат ҳаракат мекунад ва аз забону баёни байти боло моя мегирад, низ овардан бе суд нахоҳад буд:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.23

Дар анҷом бояд гуфт, ки агар Осафӣ дар ғазалгӯӣ асосан устоди худ-Ҷомиро пайравӣ менамояд, аммо дар рубоиҳояш бештар ба сабки Хайём, ки дар олами рубоӣ мақоми пешвоӣ дорад, сухан мегӯяд. Аз ин рӯ, рубоиҳояш рӯҳи шодигароёнаву ҳушдордиҳанда доранд ва таълими хушгузаронӣ ба инсонҳо медиҳанд:

Даврони ҳаёти мо аҷаб мегузарад,
Бархез, ки даврони тараб мегузарад.
Дар ҷоми тараб зи бода рез оби ҳаёт,
К-аз умри ту рӯз рафту шаб мегузарад.


Даврон, ки дили ту шоду ғамнок кунад,
Аз тахтаи умр нақши ту пок кунад.
Хуш бош, ки тинати туро дасти қазо
Аз хок сиришту оқибат хок кунад.24

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Осафии Ҳиравӣ. Девон. Теҳрон, 1342, с. 39.
  2. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, Душанбе, Ирфон, 1977, с. 24.
  3. Соммирзои Сафавӣ. Тӯҳфаи Сомӣ. Теҳрон, 1389, с. 143.
  4. Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, Теҳрон, 1388, с. 155.
  5. Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ», ҷ. 2, Теҳрон, 1350, с. 186.
  6. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 25-26.
  7. Осафии Ҳиравӣ. Девон, с. 46.
  8. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 27.
  9. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 203.
  10. Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, с. 156.
  11. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 71.
  12. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 28.
  13. Девони Соиби Табрезӣ, ҷ. 2, Теҳрон, 1383, с. 827.
  14. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 25.
  15. Миробид Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб. Душанбе, Ирфон, 1977, с. 618-619.
  16. Тазкираи Музокир-ул-асҳоб…Теҳрон, 1385, с. 653.
  17. Ҳамон ҷо, ҳамон с.
  18. Садрӣ Саъдиев. Адабиёти тоҷик дар асри XVII.Душанбе, 1985, с. 64.
  19. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 459.
  20. Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, с. 157.
  21. Осафӣ. Гулшани адаб, ҷ. 4, с. 27.
  22. Ҳамон ҷо, с. 29.
  23. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ. Душанбе, Адиб, 1987, с. 166.
  24. Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, с. 157.
пешина
аз 86
навбатӣ