Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
ҶОМӢ ВА ҲИЛОЛӢ
Суханро поя бар ҷое расонам,
Ки бинвозад ба аҳсант осмонам.
Ҷомӣ
Ҳилолӣ, ки аз ғазалгӯёну маснависароёни мумтози поёни асри XV ва аввали асри XVI ба ҳисоб меравад, аз пайравони моҳири мактаби адабии Ҳирот ва шоирони маъруфи он-Ҷомӣ ва Навоӣ мебошад. Ӯ солҳои ҳафтодуми асри XV дар Астаробод дида ба дунё кушодааст. Дар бораи давраи кӯдакӣ ва навҷавонии шоир маълумоте дар даст надорем. Ба ҳар ҳол, кӯдакӣ ва таҳсилоти ибтидоии ӯ дар Астаробод мегузарад. Сипас, вай ба Ҳирот, ки аз марказҳои муҳими илмиву адабии он замон ба ҳисоб мерафт, меояд ва ба фаро гирифтани илму дониш мепардозад.
Албатта, барои рушду истеъдоди илмиву адабии Ҳилолӣ мактаби адабии Ҳирот, ки Ҷомию Навоӣ сарварони он буданд, кӯмаки зиёд менамояд. Ҳилолии ҷавон аз ин гуна муҳити созгори адабӣ ва донишу таҷрибаи устодони он, ба вижа Ҷомию Навоӣ, суди фаровон мебардорад. Ӯ дар ҳамин фазои мусоид ба сурудани ғазалу маснавию ақсоми дигари шеърӣ мепардозад ва дар андак вақт миёни хоссу ом шӯҳрат меёбад. Мутаассифона, ин гуна ҳолати мусоид дуру дароз идома намекунад, зеро дере нагузашта Ҳирот ба маркази тохтутози сулолаҳои Шайбониёну Сафавиён табдил меёбад ва борҳо аз даст ба даст мегузарад ва аҳли он бо баҳонаҳои мазҳабӣ, яъне сунниву шиа, мавриди фишору қатл қарор мегиранд. Ин гуна задухӯрдҳои хунин, хусусан, барои аҳли адаб гарон меафтад. Аз як сӯ, мактаби адабии Ҳирот, ки бо сарпарастии Ҷомӣ ва Навоӣ шӯҳрат дошт, зарбаи сахт мебинад, аз сӯи дигар, бисёре аз аҳли илму адаб рӯ ба ғурбат меоранд. Гузашта аз ин, бархе аз адибон бо баҳонаҳои мазҳабӣ таъқиб ва мавриди ҷазо қарор мегиранд. Ҳилолӣ яке аз ҳамин гуна адибон буд, ки на танҳо мавриди фишору таъқиб қарор мегирад, балки аз ҷониби Убайдуллохони Шайбонӣ эъдом мегардад. Ба қавли муаллифи китоби «Аҳсан-ут-таворих»-Ҳасани Румлу, ба тарзи ваҳшатнок кушта мегардад. «Гӯянд, дар маҳалле, ки ӯро ба куштан мебурданд, сари ӯро шикастанд. Чунонки хун ба рӯяш давид, дар он маҳал ин қитъа мехонд. Байт:
Ин қатраи хун чист ба рӯи ту, Ҳилолӣ?
Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида».1

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор