Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Осори Ҳилолӣ аз қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра иборат мебошад. Аммо ғазал дар байни ашъори ӯ мақоми муҳим дорад ва ӯ маҳз бо ғазалиёташ машҳур аст. Вай дар эҷоди ғазал асосан ба Саъдиву Ҳофиз, Хусраву Ҳасан ва ҳамрӯзгорони бузургаш Ҷомию Навоӣ пайравӣ кардааст. Ногуфта намонад, ки дар мактаби адабии Ҳирот, ки сарвариашро Ҷомию Навоӣ ба ӯҳда доштанд ва Ҳилолӣ онҳоро пайравӣ мекард, бо сабабҳои айнию зеҳнӣ, таваҷҷуҳ ба осори тӯтиёни Ҳинд (Хусрав ва Ҳасан) хеле зиёд буд. На танҳо аҳли адаб, балки ҳукмронони давлати Темурӣ низ ба ташвиқу тарғиби осори ин шоирон ҳиммат мегумоштанд. Хусусан, хидмати Навоӣ дар ин замина бисёр чашмгир мебошад. Вай на фақат худ, балки дигар адибонро ба пайравӣ аз эшон, ба вижа Хусрави Деҳлавӣ, ташвиқу тарғиб мекард. Ҷомӣ маҳз ба ташвиқи Навоӣ қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и худро дар пайравии қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрав менависад. Бад-ин маънӣ, Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин» менависад: «Рӯзе дар хизмати он ҳазрат (Ҷомӣ-Ҷ. С.) будем ва аз ҳар навъи назм сухан мерафт ва дар аснои сӯҳбат аз қасидаи «Дарёи аброр»-и Амир Хусрав… ном бурда шуд. Ин фақир гӯё дар таърифи он муболиға кардам ва ҳақ ҳам доштам, зеро аз худи Мир Хусрав барин шахсе чунин машҳур аст, ки гӯё ӯ гуфтааст: «Агар аз ҳаводиси афлок ва офатҳои рӯзгор тамоми назми ман аз саҳифаи замона маҳв шаваду ҳамин қасидаам монад, бароям бас аст. Чунки ҳар кас агар онро бихонад, хоҳад донист, ки дар мулки назм тасарруф ва иқтидори ман дар чӣ мартабае будааст». Гарчанде чунин бошад ҳам, аз тарафи фақир дар маҷлиси он ҳазрат ин тариқа ифрот ба таъриф муносиб набуд. Он ҳазрат чизе нагуфтанд ва маҷлис пароканда шуд.
Дар ҳамон вақтҳо подшоҳ ҷиҳати гузаронидани фасли зимстон озими Марв буданд. Иттифоқо, пас аз чанд рӯзи дигар азимат ба вуқӯъ пайваст. Фақир барои иҷозат пурсидан аз он ҳазрат ба хизматашон рафтам. Баъд аз иҷозат фотиҳа хонда, рухсат доданд ва аз бағалашон ҷузве бароварда ба фақир иноят намуданд. Гирифта кушодам, ки ҷавоби «Дарёи аброр» қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» будааст, ки дар ҳамон рӯзҳо гуфта будаанд. Ҳар касе хонад, медонад, ки аз «Дарёи аброр» мақбултар ва рангинтар воқеъ шудааст»…2 Албатта, ин гуна таърифу ташвиқи Навоӣ, ки дӯстдору мухлис ва мушаввиқи ифротии ашъори Хусраву Ҳасан будааст, на танҳо ба Ҷомӣ, балки ба Ҳилолӣ, ки мавриди сарпарастӣ ва пуштибонии ӯ қарор дошт, низ бетаъсир намондааст. Аз ин хотир, ӯ низ бештар ба татаббӯи ашъори Хусраву Ҳасан пардохтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор