Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ,
Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ.3

Аммо Ҳилолӣ аз шоирони мутааххир, яъне ҳамрӯзгоронаш, тавре ки гуфтем, беш аз ҳама ва пеш аз ҳама, ба Ҷомию Навоӣ, ки дар он рӯзгор табли яктоӣ мезаданд, пайравӣ мекардааст. Хусусан, пайравии вай ба Ҷомӣ хеле ошкору маҳсус аст. Мо ин гуна пайравиҳои ӯро ҳам дар ғазалиёт, ҳам дар маснавӣ ва ҳам соири ашъораш бармало боздид менамоем, зеро «ашъори лирикии Ҳилолӣ бо мазмуну мундариҷа ва мавзӯъоти худ давоми бевоситаи ашъори лирикии мактаби адабии Ҷомию Навоӣ аст. Дар он суннатҳои ин мактаб мувофиқи талаботи рӯҳи замон асосан риоя гардидааст».4 Воқеан, тибқи гуфтаи ҷомишиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод, 5 Фахрии Ҳиротӣ дар «Радоиф-ул-ашъор»-и худ 9 ғазали Ҳилолиро, ки дар пайравии Ҷомӣ навиштааст, зикр менамояд, аммо таъдоди ғазалҳои шоир, ки дар татаббӯи ғазалҳои Ҷомӣ иншо шудаанд, аз ин миқдор зиёданд. Аз ин хотир, мо бо овардани ду ғазали пурраи Ҳилолӣ, ки дар пайравии ғазалҳои Ҷомӣ навишта шудаанд ва зикри матлаи бархе аз ғазалҳои эшон, ки далели ҳусни таваҷҷӯҳ ва гароиши зиёди Ҳилолӣ ба ғазалҳои Ҷомӣ метавонад буда бошад, дар ин мавқеъ иктифо менамоем:

Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Чашми ҳар кас бар рухи ёрест, ёри ман куҷост?
Ошиқон ҳар кас ба рӯи ёри худ хандону хуш,
Ман чунин ғамгин чароям, ғамгусори ман куҷост?
То баранд аз ҷилваи хубӣ хиҷолат некувон,
Нимҷавлоне зи сарви гулъизори ман куҷост?
Чанд гардам беқарору сабр ҳар сӯ инчунин,
Он шикебомӯзи ҷони беқарори ман куҷост?
Дод кардам аз ғамаш умрею он бадхӯ нагуфт:
Он кӣ умре буд хоки раҳгузори ман, куҷост?
Нест хуш бар домани покаш ғубори чун мане,
Бедиле, к-аз гиря биншонад ғубори ман, куҷост?
Монд Ҷомӣ дур аз он дар, ваҳ чӣ хуш бошад гаҳе
Бозпурсад, к-он ғариби хоксори ман куҷост?6
Ҷомӣ

Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъизори ман куҷост,
Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост?
Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобуке,
Чобуки сайдафгани мардумшикори ман куҷост?
Нест як соат қарор ин ҷони беоромро,
Ё Раб, он ороми ҷони беқарори ман куҷост?
Сӯхт аз дарди ҷудоӣ дил ба уммеди висол,
Марҳами доғи дили уммедвори ман куҷост?
Рӯзгоре шуд, ки дур афтодаам, охир, бипурс,
К-он сияҳрӯзу парешонрӯзгори ман куҷост?
Буд умре бар сари кӯят Ҳилолӣ хоки роҳ,
Соате, эй маҳ, нагуфтӣ хоксори ман куҷост?7
Ҳилолӣ
Соқӣ, биё, ки дорад акнун ба каф пиёла,
Бар тарфи боғ наргис, бар рӯи дашт лола.
Аз ҷоми лола майгун гаштаст ғунчаро лаб,
Ё худ ба захми дандон дар хун гирифт жола.
Ҳар дам зи дафтари гул хонад ба боғ булбул,
Ҳарфе, ки шарҳ додан натвон ба сад рисола.
Бо духтари раз аз сар бастем тоза ақде,
Маҳсули ақлу дониш кардем дар қабола.
Не ман ба худ фитодам дар кӯи ишқу мастӣ,
Аз қисмати азал шуд ин давлатам ҳавола.
Маҳ мекунад таназзул баъд аз чаҳордаҳ, лек
Ҳар лаҳза дар тараққист он моҳи ҳаждасола.
Олист қасри ишрат он шоҳи ошиқонро,
Ҷомӣ, баландтар кун оҳанги оҳу нола.8
Ҷомӣ
Гар нест ҷоми гулгун, хуш нест даври лола,
Бе май чӣ нашъа хезад аз дидани пиёла?
Ман Нӯҳи рӯзгорам, аз гиря ғарқи тӯфон,
Ку ҳамдаме, ки гӯяд дарди ҳазорсола?!
То кай ба нозу шӯхӣ лабро газӣ ба дандон?
Гулбарги нозукатро озурда сохт жола.
Қатли рақиби худро бо ман ҳавола кардӣ,
Аз дасти ман чӣ ояд, ҳам бо Худо ҳавола.
Бар сафҳаи дили ман зикри май асту шоҳид,
Ақди муҳаббат омад мазмуни ин қабола.
Ғамдидае, ки хоҳад шарҳи ғами Ҳилолӣ,
Аз хуни дидаи худ рангин кунад рисола.9
Ҳилолӣ

пешина
аз 86
навбатӣ