Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Матлаъҳо:
Симинзақано, сангиндило, лолаъизоро,
Хуш кун ба нигоҳе дили ғампарвари моро.10
Ҷомӣ
Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро,
Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро.11
Ҳилолӣ
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо,
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.12
Ҷомӣ
Ману бедории шабҳову шаб то рӯз ё Рабҳо,
Набинад ҳеҷ кас дар хоб, ё Раб, инчунин шабҳо.13
Ҳилолӣ
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро,
Дузд, оре, баҳри коло мешикофад хонаро.14
Ҷомӣ
Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро,
Муҳтасиб то чанд дар шӯр оварад майхонаро?15
Ҳилолӣ
Ҳар нишон, к-аз хуни дил бар домани чоки ман аст,
Пеши аҳли дил далели домани поки ман аст.16
Ҷомӣ
Ин ҳама лола, ки сар барзада, аз хоки ман аст,
Пораҳои ҷигари сӯхтаи чоки ман аст.17
Ҳилолӣ
Дӯш бар ёди ту чашмам дам ба дам хун мегирист,
Сӯзи ман медид шамъу аз ман афзун мегирист.18
Ҷомӣ
Шишаи май дур аз он лабҳои майгун мегирист,
То дили худро даме холӣ кунад, хун мегирист.19
Ҳилолӣ
Орзу дорам, ки гардам хоки роҳи тавсанаш,
Лек метарсам, зи ман гарде расад бар доманаш.20
Ҷомӣ
Гар назар афтад чу боди субҳ бар хоки манаш,
Ҳамчу гард аз хок бархезам, бигирам доманаш.21
Ҳилолӣ
Чу натвонам, ки бар хони висолат меҳмон бошам,
Сари хидмат ниҳода чун сагон бар остон бошам.22
Ҷомӣ
Агар хонӣ дарунам, бандаи ин хонадон бошам
В-агар ронӣ бурунам, чун сагон бар остон бошам.23
Ҳилолӣ
Наёсояд кас аз афғони ман ҷое, ки ман бошам,
Ҳамон беҳтар, ки ҳам худ ҳамниши хештан бошам.24
Ҷомӣ
Магӯ афсонаи Маҷнун, чу ман дар анҷуман бошам,
Аз ӯ боре чаро ҷӯяд касе, ҷое, ки ман бошам.25
Ҳилолӣ
Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?
Ҳазор доғ ба дил лолазорро чӣ кунам?26
Ҷомӣ
Баҳор мерасад, аммо баҳорро чӣ кунам?
Чу нест гулрухи ман, лолазорро чӣ кунам?..27
Ҳилолӣ
Албатта, Ҳилолӣ ғазалҳои Ҷомиро танҳо татаббӯъ накардааст, балки мавриди тазмин ҳам қарор додааст. Чунончи, мисраи «Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд»-ро аз мақтаи ин ғазали Ҷомӣ:
Имшаб афтодаст шӯре дар миёни ошиқон,
Гӯӣ он кони намак шуд меҳмони ошиқон.
Бо хаёли хатти сабзаш хони ишқ оростаст,
Ҳаргиз ин сабзӣ мабодо кам зи хони ошиқон.
Ошиқон рафтанду меояд пай гумгаштагон
Ҳамчун он бонги дарой аз корвони ошиқон.
Ишқ меварзӣ, замину осмон тай кун, ки ҳаст
Аз замину осмон берун ҷаҳони ошиқон.
Марҳами асрори ишқат нест гӯши ҳар касе,
Муҳр неҳ аз хотами лаб бар даҳони ошиқон.
Лола з-ашки сурх бинӣ, ғунча аз дилҳои танг,
Гар кунӣ рӯзе гузар бар бӯстони ошиқон.
Нест аз пушти хаму оҳи манат бок, эй ҷавон,
Барҳазар мебош аз тиру камони ошиқон.
Хонаи худро набинам аз ту равшан, ҷуз гаҳе,
К-аз ду рух оташ занӣ дар хонумони ошиқон!
Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд,
Ҷомӣ имрӯзу шумо, эй ошиқони ошиқон.28

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор