Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

дар матлаи ин ғазали машҳури худ мавриди тазмин қарор дода ва гуфтааст:

Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
«Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд».
Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ,
Оре-оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигаранд.
Дар гулистон гар ба пои булбулон хоре халад,
Наварӯсони чаман сад ҷома бар тан медаранд.
Ҷони ширин бо лабат омехт гӯё дар азал,
Ҷавҳари ҷони ману лаъли ту аз як гавҳаранд.
Эй рақиб, аз манъи мо бигзар, ки ҷонбозони ишқ
Аз сари ҷон бигзаранд, аммо зи ҷонон нагзаранд.
Мурдаму раҳме надидам з-ин бутони сангдил,
Ман намедонам, мусулмонанд ё худ кофаранд.
Бо тани лоғар, Ҳилолӣ, аз ғами хубон манол,
Тан агар бигдохт, боке нест, ҷон мепарваранд.29

Зимнан бояд гуфт, ки ҳар ду шоир, яъне ҳам Ҷомӣ ва ҳам Ҳилолӣ бо ғазалиёти худ ифтихор кардаву онро сутудаанд. Яке онро «фанни беҳтарин», дигаре «нақди ганҷинаи ҳастӣ» хондаанд:

Аз фунуни шеър фанни беҳтарин омад ғазал,
Чу накӯрӯён, ки дар сурат беҳанд аз ҷинну инс.30
Ҷомӣ
Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,
Шукри борӣ, ки назми ман ғазал аст.31

Маълум аст, ки Ҳилолӣ агарчи дар ғазал шӯҳрат дорад, аммо вай дар маснависароӣ низ қувваозмоӣ кардааст. «Шоҳу Дарвеш» нахустин маснавии шоир аст. Бад-ин маънӣ, ӯ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» мегӯяд:

Аввалсухане, ки гуфт аз ин пеш,
Афсонаи Шоҳ буду Дарвеш.
Зебо гуҳаре зи баъди он суфт,
Назме зи сифоти ошиқон гуфт.
Гуфт аз паи он китоби мавзун
Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.32

Маълум аст, Ҳилолӣ дар сурудани маснавиҳояш бештар таҳти таъсири «Хамса»-ҳои Низомию Хусрав ва достонҳои Ҷомию Навоӣ будааст. Агарчи аҳли тадқиқ дар достони «Шоҳу Дарвеш»-и ӯ таъсири «Гӯй ва чавгон»-и Орифии Ҳиравиро дидаанд ва таъкид кардаанд, аммо он аз назари ғояву ормони некбинонааш ба асарҳои Низомию Ҷомӣ ва Навоӣ монанд аст. Албатта, Ҳилолӣ маснавии «Сифот-ул-ошиқин»-ро низ дар равиши асарҳои Низомӣ («Махзан-ул-асрор»), Ҷомӣ («Тӯҳфат-ул-аҳрор»), Хусрави Деҳлавӣ («Матлаъ-ул-анвор») эҷод кардааст. «Сифот-ул-ошиқин» мисли маснавии «Шоҳу Дарвеш» маснавии панду ахлоқӣ буда, аз 20 боб фароҳам омадааст. Ӯ низ ҳамчун Низомию Хусраву Ҷомӣ дар ин асараш доир ба масъалаҳои ахлоқӣ, аз ҷумла вафо, сабр, ҳиммат, шуҷоат, саховат ва ғайра, сухан ронда, барои исботи афкораш аз воқеаҳои зиндагӣ мисол меорад. Агарчи Ҳилолӣ дар хотимаи достонаш аз пайравии худ танҳо ба Низомӣ, Саъдӣ ва Хусрав ишора кардааст ва аз Ҷомию асари вай мустақиман ёд накардааст, аммо дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун», дар бахши «Дар хотимаи китоб гӯяд», дар баробари Низомию Хусрав, аз Ҷомӣ низ мустақиман ёд мекунад ва бад-ин тартиб на танҳо аз пайравии хеш ба асарҳои эшон, балки ба Ҷомӣ низ хабар медиҳад:

пешина
аз 86
навбатӣ