Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дур аст сухан бари сухансанҷ,
Сарроф расад ба қимати ганҷ.
Ганҷест ба кунҷи синаи ман,
Дурҳост дар ин хазинаи ман.
Гар суфта шавад тамоми ин дур,
Дарёи муҳитро кунад пур.
Ганҷи ман агар равад ба Ганҷа,
Созад қадаме ба Ҳинд ранҷа,
Бахшад дури назми худ Низомӣ,
Хусрав диҳадаш хати ғуломӣ.
Ҳайҳот, чӣ гуфтам, ин чӣ лоф аст?
Лофест, ки сар ба сар хилоф аст.
Дар маърафашон зи ман кӣ гӯяд
В-аз гуфтаи ман сухан кӣ гӯяд?
Арбоби сухан, ки пеш буданд,
Ақтоби замони хеш буданд.
Буданд сегонаи замона,
Ҳар як ба ягонагӣ фасона.
Он ганҷи гуҳар зи кони Ганҷа
Шамшерзабону шерпанҷа,
Яъне, шаҳи мулки некномӣ,

Шоҳаншаҳи орифон - Низомӣ.
Гуфт он сухане, ки гуфтанӣ буд,
Суфт он гуҳаре, ки суфтанӣ буд.
Ҳар гӯш зи назми ӯст пурдур,
Ҳар панҷа зи «Панҷ ганҷ»-и ӯ пур.
Ганҷи ду ҷаҳон нисори ӯ бод,
Ганҷури ду кавн ёри ӯ бод!
В-он Хусрави кишвари маонӣ,
Ганҷинаи «Панҷ ганҷ»-и сонӣ.
Ӯ Хусраву ман ғуломи ӯям,
Хусрав гуфтам, дигар чӣ гӯям?
Тӯтии шакарзабони Деҳлист,
Ширинии нутқи ӯ ҷибиллист.
Шаҳде, ки зи осмон фурӯ рехт,
Аз найшакари қалам бар ӯ рехт.
Он тӯтии ҷон шакаршикан бод,
То ҳаст забон, аз ӯ сухан бод!
В-он соқии ҷоми ишқ-Ҷомӣ,
Ҳам Хусрави аҳду ҳам Низомӣ.
Рӯзе, ки ба фатҳи Ганҷа омад,
Дарёдилу шерпанҷа омад.
З-ин ганҷ намуд панҷи дигар,
Афзуд дар он ду ганҷи дигар.
Сарчашмаи файз рехт дар ҷом
В-аз рашҳаи атр дод пайғом.
Ё Раб, ки ҳамеша бод ҷомаш,
Ҷоми майи маърифат ба комаш.
Ин як – ду – се тан муқаддамонанд
Дар мулки сухан мусалламонанд.
Ман нестам аз шумораи эшон,
Корам нарасад ба кори эшон.
Эй ман саги остони Ҷомӣ,
Хоки дари Хусраву Низомӣ.
Эшон баҳранду ман саробам,
Эшон ганҷанду ман харобам.
Дорам ду-се гавҳари парешон,
Он низ зи баҳру кони эшон.
Эшон ба фусунварӣ фасеҳанд,
Дар дини суханварӣ Масеҳанд.
Эшон ҳама булбулони рӯҳанд,
Дастонзани пардаи сабӯҳанд…33

Шабоҳатҳои маъноӣ, ки дар достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ ва Ҳилолӣ вомехӯранд, кам нестанд, аммо мо бо овардани як мисол қаноат менамоем:

Ҳарчанд ки мо на марди ҷангем,
Аз ҷанг на ончунон ба тангем.
Рӯзе, ки занӣ ту кӯсу ное,
Мо низ занем дасту пое…34
Ҷомӣ
Танҳо на ба сулҳ рой дорем,
Дар ҷанг чу кӯҳ пой дорем…
Имрӯз ба ту ба сулҳ ё ҷанг
Хоҳам, ки ба доманат занам чанг.
Ё аз дари сулҳи ман дарун ой,
Ё бар сари ҷанги ман бурун ой…
Моро набувад ба ҷанг оҳанг,
То сулҳ бувад, кӣ гӯяд аз ҷанг?..35
Ҳилолӣ

пешина
аз 86
навбатӣ