Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Намуна аз достонҳои дигари онҳо. Аз оғози достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ:
Сухан дебочаи девони ишқ аст,
Сухан навбоваи бустони ишқ аст…36
Аз оғози «Сифот-ул-ошиқин»-и Ҳилолӣ:
Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.37
Сифат ва образи «саги ёр» дар шеъри форсии тоҷикӣ пеш аз асри XV низ вомехӯрад, аммо ин сифат ва образ дар асри XV дар осори шоирон тавсиа меёбад ва барои ифодаи мақсад ва мазомини мухталиф мавриди корбурд қарор мегирад. Метавон гуфт, ки дар ин аср қариб ҳамаи шоирон аз сифат ва образи саг кор гирифтаанд, бинобар ин, мо дар осори Ҷомӣ ва Ҳилолӣ низ тез-тез ба ин сифат ва образ рӯ ба рӯ мешавем:
Аз Ҷомӣ:
Зи рӯи мардумӣ як раҳ бигӯ: Ҷомӣ, саги моӣ,
Агарчи ончунон ҳам нестам, к-ин номро шоям.38
Ҷомӣ аз силки сагонат дур мерезад сиришк,
К-эй дареғо, қадри ёрони куҳан нашнохтем!39
Баҳри худ номи саги он дар нахоҳам орият,
Чун писандам бар шиори давлаташ ин орро.40
Аз Ҳилолӣ:
Тақсири вафо расми рақиб аст, аҷаб нест,
Ҳаргиз саги девона вафодор набошад.41
Ҷуз ман дигареро саги он кӯй махонед,
К-ин мартабаро нест сазовортар аз ман.42
Зи ҳар дар ком дар кӯи туву ҳамчун сагам рондӣ,
Саги кӯи туам, то чанд, ё Раб, дар ба дар гардам.43
Ҳамин тариқ, аз намунаҳои маҳдуде, ки мавриди баррасӣ қарор додем, маълум гардид, ки Ҳилолӣ аз шоирони мутақаддим бештар ба Низомиву Саъдиву Хусраву Ҳасану Ҳофиз пайравӣ намуда, аз шоирони мутааххир асосан ба Ҷомӣ пайравӣ кардааст ва ӯ аз эшон дарси сухану суханварӣ ва касби маҳорати эҷодӣ омӯхтааст. Хусусан, дар ғазалу маснависароӣ таҳти таъсири Ҷомӣ-ин устоди бузург дар асрҳои охир, қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳамсонӣ ва ҳамоҳангиҳои зиёде дар байни ғазалҳои Ҷомӣ ва Ҳилолӣ, ҳам аз назари шакл ва ҳам мазмуну ғоя, ба мушоҳида мерасанд. Масалан, теъдоди ғазалҳои Ҳилолӣ низ чун Ҷомӣ аз ҳафт байт зиёдтар нест. Аз лиҳози содагию равонӣ низ ашъори Ҳилолӣ ба шеърҳои Ҷомӣ монанданд, балки боз ҳам соддатару равонтаранд. Ин гуна ҳамсонӣ дар байни достонҳои Ҷомӣ ва Ҳилолӣ низ ба назар мерасанд, ки ин аз ҳадафу муҳтавою қолабу мазмуну мавзӯи достонҳои эшон, ки муштараканд, берун меояд. Ишораҳое, ки Ҳилолӣ аз таассури худ, дар ин замина, дар достони «Лайлию Маҷнун» кардааст, худ гувоҳи он аст, ки Ҳилолӣ қариб дар тамоми анвои шеърӣ, ба ин ё он навъ, зери таъсири орову афкори Ҷомӣ қарор доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор