Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Инро ҳам бубояд гуфт, ки ҳаёти фоҷиавии Ҳилолӣ, ки дар авҷи камоли эҷодии ӯ ба вуқӯъ пайваст, нишон медиҳад, ки подшоҳону ҳокимон, аҳли дину мазҳаб, ба мақсади амалӣ кардани ниятҳои шуми худ, аз ҳеҷ гуна зулму тааддӣ ва қатлу ғорат рӯ намегардонданд ва барои ҳимояи манфиатҳои худ ҳамвора аз дин суд меҷустанд. Онҳо бо баҳонаи шиаву муътазиливу қармативу исмоилӣ мардум, хусусан аҳли илму адабро, ки намуна ва сармашқи афкори мутараққиву озодандешӣ буданд, ба қатл мерасонанд. Ҳилолӣ яке аз намунаҳои ҳамин гуна таассуби мазҳабӣ, манфиатҷӯӣ ва разолату ҷаҳолат аст, ки аҳли ҷоҳу молу давлату дин ба ҷо меоварданд ва мардумро ба баҳонаҳои мазҳабӣ ба қатл мерасонданд ва муҷиби ҷангу ҷидолу шӯру ошӯбҳои беъманиву фоҷиавӣ байни афроди ҳамдину ҳамоину ҳаммаслаку ҳамзабон мегардиданд. Ин гуна манфиатҷӯӣ ва аз номи дин мардумро ғорат кардану даст ба куштор задани арбоби давлату савлат ва намояндагони расмии динро ҳанӯз дар замони худ дидаву мушоҳидаву мулоҳиза карда, Фирдавсӣ хеле баҷо ва дуруст гуфта буд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.44

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор. Душанбе, Ирфон, 1985, с. 16.
  2. Алишери Навоӣ. Хамсат-ул-мутаҳайирин. Душанбе, Адиб, 1989, с. 38-39.
  3. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 131.
  4. Р. Ҳодизода, У. Каримов, С. Саъдиев. Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX. Душанбе, Маориф, 1988, с. 52-53.
  5. Аълохон Афсаҳзод. Ҷомӣ-шоири ғазалсаро. Душанбе, Маориф, 1989, с. 231.
  6. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 257.
  7. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 28.
  8. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 378.
  9. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 141.
  10. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 111.
  11. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 17.
  12. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 100.
  13. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, 18.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 133.
  15. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 21.
  16. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 245.
  17. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 27.
  18. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 313.
  19. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 40.
  20. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 22.
  21. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 66.
  22. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 196.
  23. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 77.
  24. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 195.
  25. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 83.
  26. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 208.
  27. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 112.
  28. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ, 6, Душанбе, Адиб, 1988, с. 426.
  29. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 51.
  30. Аълохон Афсаҳзод. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дувуми асри XV. Душанбе, Дониш, 1987, с. 159.
  31. Бадриддин Ҳилолӣ. Осори мунтахаб, Сталинобод, 1958, с. 197.
  32. Ҳамон ҷо, с. 323-324.
  33. Ҳамон ҷо, с. 325-327.
  34. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, 1988, с. 106.
  35. Бадриддин Ҳилолӣ. Осори мунтахаб, с. 284.
  36. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 148.
  37. Бадриддин Ҳилолӣ. Осори мунтахаб, с. 203.
  38. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 141.
  39. Ҳамон ҷо, с. 151.
  40. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 120.
  41. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, с. 46.
  42. Ҳамон ҷо, с. 125.
  43. Ҳамон ҷо, с. 87.
  44. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 9, Душанбе, Адиб, 1991, с. 424.
пешина
аз 86
навбатӣ