Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ СЕВУМ

ҶОМӢ ВА ИҚБОЛ

Зи Хусрав чу навбат ба Ҷомӣ расид,
Зи Ҷомӣ суханро тамомӣ расид.
Нозим

Дар воқеъ, Ҷомӣ охирин устоди каломи шеъри форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад ва барҳақ ӯро «Хотамушшуаро» хондаанд, зеро вопасин шоири бузурги адабиёти давраи классикист, ки ному осораш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Муиниддини Исфизорӣ гӯяд: «Соҳибдавлате, ки гарданкашони ақолими илму ирфон аз ақсои билоди Ҳинд то интиҳои мамолики Руму Фаластин ва сарҳади Хитой ва Чину Мочин то навоҳии Булғору Сақсин сар ба хати иродаташ ниҳоданд ва дар тамоми ақсоми улуми ҳақоиқ ва ҷамеи одобу фазоил ва асолиби маорифу авориф ҳазраташро (Ҷомиро-Ҷ. С.) имому пешво ва муқаддаму муқтадо медонанд».1 Худи Ҷомӣ роҷеъ ба шӯҳрати шеъраш дар сарзаминҳои мухталифи олам, аз ҷумла сарзамини Ҳинд, дар ғазале чунин изҳори назар менамояд ва боифтихор мегӯяд:

Чунон ба шеър шудам шуҳра дар басити ҷаҳон,
Ки шуд муҳити фалак з-ин тарона моломол.
Арӯси даҳр пайи зеби гӯшу гардани хеш
Зи силки гавҳари назмам гирифта иқди лаол.
Суруди айш зи гуфтори ман кунад мутриб,
Раҳи самоъ зи ашъори ман занад қаввол.
Агар ба Форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад, Хусраву Ҳасан гӯянд,
Ки, эй ғариби ҷаҳон, марҳабо, таол-таол!2

Дар ҳақиқат, шеъри Ҷомӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш аз Хуросону Эрону Мовароуннаҳр берун баромада, ба бисёре аз кишварҳои олам, аз ҷумла Ҳинд, доман густарда буд. Мукотиботи ӯ бо Маҳмуди Говон, мулаққаб бо Маликуттуҷҷор (яке аз донишмандону риҷоли бузурги Ҳинд) ва фиристодани ашъораш ба ин сарзамин, далели гӯёи шӯҳрати осори Ҷомӣ дар Ҳинд ва робитаи эҷодии гӯяндагони форсу тоҷик ба ин сарзамини шеъру адабпарвар метавонад буда бошад:

Ҷомӣ, ашъори диловези ту ҷинсест нафис,
Пуди он ҳусни адо, лутфи маонӣ тораш.
Ҳамраҳи қофилаи Ҳинд равон кун, ки расад
Шарафи муҳри қабул аз Маликуттуҷҷораш.3
Ва:
Ҷомӣ, арӯси назми ту зеби дигар гирифт,
Тақсир дар далолати даллола меравад.
Килки ту мезанад ба Хуросон навои шеър,
Гулбонги он ба Хусрави Бангола меравад.4

Бояд гуфт, ки ашъор ва номи Ҷомӣ, хусусан, дар замони ҳукмронии сулолаи Темуриён дар Ҳинд баланд будааст. Агарчи дар ин давра дар ин сарзамин ва кулли сарзаминҳои порсигӯ сабки ҳиндӣ дар шеъру адаб ҳоким буд ва шуарову удабо камтар ба сабки хуросониву ироқӣ, ки Ҷомӣ аз он намояндагӣ мекард, гароиш доштанд, аммо, бо ин ҳама, аз осори Ҷомӣ низ фурӯгузор намекарданд, балки инҷову он ҷо аз осору ному мақоми волои ӯ дар олами шеъру шоирӣ сухан мегуфтанд ва ӯро месутуданду суханашро татаббӯъ менамуданд. Чунончи, Мулло Шерӣ дар ҷавоби ин қитъаи аввалин маликушшуарои дарбори Темуриёни Ҳинд-Ғазолии Машҳадӣ:

пешина
аз 86
навбатӣ