Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шерӣ, агарчи дар фанни ашъори дилфиреб
Ҳар кас расид, аз дилу ҷон эҳтимом кард.
Лек аз барои аҳли сухан кохи фазлро
Саъдӣ бино ниҳоду Ғазолӣ тамом кард

чунин мегӯяд:

Саъдӣ ниҳод кохи суханро бино, вале
Ҷомӣ ба юмни ҳиммати олӣ тамом кард.
Дар фанни шеър агарчи Ғазолист беназир,
Дар силки авлиё натавонад мақом кард.5

Дар воқеъ, шоирони сабки ҳиндӣ, ки зоҳиран сухану сабкашон бо сухану сабки равшани ироқии Ҷомӣ ноҳамгун буд, низ дар ашъори Ҷомӣ (албатта, ба хотири халқи мазмуни тоза) ғӯтавар шудаву аз он дурдонаҳои зебою қиматбаҳоеро овезаи гӯши арӯси каломи хеш кардаанд. Аз ин рӯ, мазомини ҷомиёнаро дар осори шоирони бузурги ин сабк-Назирӣ, Урфӣ, Толиб, Калим, Соиб, Нозим ва дигарон ба вуфур боздид менамоем. Ҳатто ин таъсирпазирӣ дар шеъри шоирони печидагӯю ифротии ин сабк-Ҷалоли Асир, Зулолии Хонсорӣ, Ғанимати Панҷобӣ, Шавкати Бухороӣ, Бедили Деҳлавӣ ва дигарон низ ба мушоҳида мерасад, ки далели нуфузи сухани ӯ дар байни шоирони ин сабк маҳсуб меёбад. Носиралӣ, ки яке аз устодон ва печидагӯёни ин сабк ба шумор меравад, дар ашъори Ҷомӣ ғаври фаровон доштаву дар пайравии вай ғазалсароӣ намудааст. Чунончи, ӯ ин ғазали худро:

Сабо тарзи хиромаш диду шуд маҳв ончунон ҳушаш,
Ки меорад ба гулгашти чаман маҳтоб бар дӯшаш.
Ба тирандози новак аз хато гумкарда мемонад
Нигоҳе ҷониби мо кард, дидан шуд фаромӯшаш.
Каноре поктар з-ойина дорад ҷазбаи ишқам,
Гар он маҳ бар фалак бошад, ки ман дорам дар оғӯшаш.
Камон чун пеши абрӯяш ба даъват рафт, аз хиҷлат
Тиҳӣ кард ончунон қолаб, ки оварданд бар дӯшаш.
Алӣ, дил мавҷхези нола шуд аз мисраи Ҷомӣ:
«Чу булбул ҷилваи гул дид, натвон кард хомӯшаш»6

дар пайравии ғазали зери Ҷомӣ суруда ва як мисраи онро мавриди тазмин қарор додааст:

Касе, к-афтад назар бар шакли он сарви қабопӯшаш,
Зи сина сабру аз дил тоқату аз ҷон равад ҳушаш.
Балои ҷони ман шуд ёди он бадхӯ, намедонам
Чӣ созам чора, к-аз хотир кунам як дам фаромӯшаш?!
Зи дур он лаб ба сабзӣ мезанад, наздик шуд, гӯӣ,
Ки гирад сабзаи навруста гирди чашмаи нӯшаш.
Хаёлашро зи дида ҷой дар дил мекунам шабҳо,
Нахоҳам мардумони дидаро хуфтан дар оғӯшаш.
Зи рашки лола мемирам, ки ман дар гӯшаи танҳо,
Ҳамесӯзам ба доғи ҳаҷру ӯ ҷо карда дар гӯшаш.
Маро раҳ не, ки дар кӯяш ниҳам паҳлӯ ба деворе,
Рақибони сияҳдил хуш нишаста дӯш бар дӯшаш.
Намудӣ рух, макун манъ аз суруди шавқ Ҷомиро,
Чу булбул ҷилваи гул дид, натвон сохт хомӯшаш.7

пешина
аз 86
навбатӣ