Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Файзии Даканӣ – маликушшуарои дарбори Акбар дар тамҷиди Ҷомӣ гуфтааст:
Хушо навои маорифтирози орифи Ҷом,
Ки маҳв буд ба чашмаш нуқуши алвонӣ.
Зи бас латофати алфози нуктаомезаш
Бувад маонии суратнамо ба рахшонӣ.
Ба ҷомеъияти ӯ баъд аз ӯ касе нагзашт,
Зи назму наср бар ӯ хатм шуд суханронӣ…8
Албатта, Ҷомӣ дар асрҳои пасин, аз ҷумла асре, ки аллома Иқбол зиндагию эҷод мекард, низ дар ин сарзамин аз маҳбубият ва шӯҳрати вижа бархурдор будааст ва шоирон ба ӯ ва ашъораш пайравӣ менамудаанд ва рӯи тарҳҳои ғазали вай шеър мегуфтанд ва ба таърифу тавсифаш мепардохтанд. Гиромии Ҷоландарӣ-маликушшуарои дарбори Дакан, дӯст ва ҳамқалами Иқбол, яке аз ҳамин гуна шоирон мебошад. Тибқи гуфтаи Абдуллоҷон Ғаффоров, «баъди маликушшуарои Дакан гардидани ӯ дӯстонаш мушоира барпо менамоянд. Вақте ки мушоира оғоз меёбад, аз Гиромӣ хоҳиш мекунанд, ки ба таври ғазали дар ҷавоби Ҷомӣ гуфтаи Соиби Исфаҳонӣ ғазале гӯяд. Вазири аъзами Дакан аз шоир Доғи Деҳлавӣ хоҳиш мекунад, ки ӯ шеъри Ҷомиро, ки ба он Соиб ҷавоб гуфтааст, хонад. Мирзо Доғи Деҳлавӣ аз ғазали Ҷомӣ ин байтро мехонад:
Субҳдам чун рух намудӣ, шуд намози ман қазо,
Саҷда кай бошад раво, чун офтоб ояд бурун?
Ба Гиромӣ амр медиҳанд, ки ғазали худро хонад. Ӯ ғазали худро мехонад, ки матлаъаш ин аст:
Он парӣ гар аз чаман гарми итоб ояд бурун,
Булбул аз гул, гул зи бӯ, бӯ аз гулоб ояд бурун.
Матлаи ғазали Ҷомӣ чунин аст:
Ёри ман гар ними шаб масти шароб ояд бурун,
Зоҳиди садсола аз масҷид хароб ояд бурун.
Дар ҷавоби байти болои Ҷомӣ Гиромӣ ин байтро мегӯяд:
Ёр гар ояд бурун, нохӯрда май аз майкада,
Маст аз мастию мастӣ аз шароб ояд бурун.
Чанд байти ғазали Гиромӣ ин аст:
Ганҷҳо бе ранҷҳо н-ояд ба даст, эй булҳавас,
Нофа хунҳо мехӯрад, то мушки ноб ояд бурун.
Ту ба чашмам омадӣ, ман гиря сар кардам, бале,
Офтоб ояд ба чашм, аз дида об ояд бурун…
Дар ин мушоира, ки Гиромӣ аз ӯҳдаи эҷод кардани ғазали дар ҷавоби Ҷомӣ гуфтаи Соиб ба хубӣ баромада тавонист, сухансанҷону нодирагӯён эътироф мекунанд, ки ӯ аз шоирони мӯъҷазбаён ва баландпарвози аҳд мебошад…».9 Иқбол низ зоҳиран ғазали зери худро дар пайравии ғазали болои Ҷомӣ сурудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор